Сарвари Туркия раҳбари Ўзбекистонро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, аз самими қалб саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳои калон, ба халки ӯзбек сулҳу осоиш ва гул-гулшукуфӣ орзу кард.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия рафти иҷрои созишномаҳои сатҳи олиро баррасӣ карданд. Ба аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ диққати махсус доданд.
Аҳамияти таҳияи муштараки портфели нави лоиҳаҳои кооператсияи саноатии ояндадор байни ширкатҳо ва корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт қайд карда шуд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.