Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои серсоҳаи Ӯзбекистону Туркия ва амиқтар кардани шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ шуданд.

Равобиту мубодилаи пуршиддати тарафайн бо қаноатмандӣ кайд карда шуд. Ҳаҷми муомилоти мол, дараҷаи парвозҳои бевосита, ҷараёни туристӣ меафзояд.

Дар кишварамон  бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Туркия лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. Аз аввали сол ба маблағи беш аз 500 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб гардида, зиёда аз 200 корхонаи нав бунёд гардид.

Аҳамияти тезондани лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳо дар соҳаҳои савдо, саноат, инноватсия, энергетика, нақлиёт, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра қайд гардид.

Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистону Туркия баррасӣ шуд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақа табодули афкор намуданд.