Сарвари кишвари мо зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ таъкид намуд, ки зилзилаи харобиоваре, ки се сол қабл рух дод, барои мардуми бародари турк озмоиши бисёр сангин буд. Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали он давраи фоҷиабор ба Туркия ҳамаҷониба кумак расонид.
Дар кӯтоҳтарин фурсат ба минтақаи офат 100 нафар наҷотдиҳандаи ӯзбекистонӣ ва 70 корманди тиббӣ сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ 18 нафар наҷот ёфта, тақрибан 200 осебдида аз зери харобаҳо берун оварда шуданд. Дар беморхонаи саҳроӣ ба 4 ҳазор бемор ёрии тиббӣ расонида шуд.
Ба таври махсус таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған барномаҳои бузурги бартарафсозии паёмадҳои зилзила амалӣ гардидаанд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 455 ҳазор манзили истиқоматӣ бунёд шудааст.
Дар навбати худ, Ӯзбекистон дар муҳлатҳои кӯтоҳ дар ноҳияи Арсузи вилояти Ҳатай маҷмааи муосири истиқоматии иборат аз 24 бинои бисёрошёнаро, ки зиёда аз 300 манзили бо инфрасохтори замонавӣ муҷаҳҳазро дар бар мегирад, бунёд намуд.
Президенти Туркия зикр намуд, ки ин маҷмаа на танҳо хонаи нав барои оилаҳои осебдида, балки таҷассумгари равшани дӯстии абадии мардумони ӯзбеку турк мебошад.
Роҳбарон ба сохтмончиён, муҳандисон, коргарон ва ҳамаи шариконе, ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштаанд, изҳори сипоси самимӣ намуданд.
Президентҳо ба соҳибони манзилҳои нав калидҳоро бо тантана супориданд.
Ҳамчунин президентҳо ба сохтмони мактаби ӯзбекӣ дар ноҳияи Бекиркёйи шаҳри Истанбул — аввалин муассисаи таълимии Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар — оғоз бахшиданд.
Муассисаи нави таълимӣ ба кӯдакони оилаҳои ӯзбек, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд, имконият фароҳам меорад, то таҳсилро ба забони модарӣ идома диҳанд ва арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳоро ҳифз намоянд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин мактаб ба наздикшавии минбаъдаи ду халқи бародар мусоидат намуда, ба маркази муҳими маърифат ва тарбияи насли ҷавон табдил хоҳад ёфт.