Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории дуҷонибаро муҳокима карданд

    Дар рафти суҳбати телефонӣ, ки 30 декабр баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов якдигар ва мардуми бародари ду кишварро бо фарорасии соли 2025 табрик намуда, самимона сиҳатӣ, саодат, хушбахтӣ, осоиштагӣ ва тараққиёт орзу карданд.

    Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Туркманистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Бо қаноатмандии зиёд афзоиши муназзами гардиши моли байни ду кишвар, густариши кооператсия дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва хоҷагии об, робитаҳои байниидоравӣ ва минтақавӣ, мубодилаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.

    Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ бо сатҳи баланд бахшида ба ҷашни 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруф Махтумқулӣ Фироғӣ баргузор гардид. Таъкид гардид, бо иштироки филмсозони ӯзбек ва туркман кинофилмҳои ҳунарии муштарак омода карда шуданд. Ҳамчунин як қатор чорабиниҳои муштарак гузаронида шуданд.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар ҷанбаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии нишасти машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима гардид. Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон инчунин ҷадвали чорабиниҳои ояндаро баррасӣ карданд.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates