Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон рӯзномаи мулоқоти дар пешистодаро дар сатҳи баланд муҳокима карданд

    Ҳукумат 22 Sentabr 2022 6300

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 сентябр бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари туркман шукуфоӣ таманно намуд.

    Масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ўзбекистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

    Ба омода намудани рӯзномаи пурмазмуни мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ диққати махсус дода шуд. Имкониятҳои васеи мавҷуда барои зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила, амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, тавсеаи барномаи табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуданд.

    Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ба натиҷаҳои пурсамари нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд баҳои баланд дода шуд.

    Дар поёни гуфтугӯи телефонӣ Президенти Ӯзбекистон Президент ва мардуми бародари Туркманистонро ба муносибати ҷашни дарпешистода - Рӯзи истиқлолияти кишвар табрик гуфта, сулҳу субот, рушди устувор ва пешрафт таманно кард.

    Суҳбати Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов дар фазои самимӣ, эътимод ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates