Роҳбари давлати мо сатҳи баланди ташкили Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и Туруманистон ҷараён дорад, таъкид кард, ки он бешубҳа марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мегардад.

Президентҳои Ўзбекистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, ҳамкорӣ дар майдонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки сарфи назар аз давраи душвори пандемия, муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон рушди босуръатро нишон медиҳанд.

Ба масъалаҳои вусъат додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус дода шуданд.

Дар мулоқот рафти иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшуда баррасӣ шуд. Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои нав, густариши робитаҳо байни минтақаҳои ҳамсоя ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар барои идома додани динамикаи мусбати ҳамкорӣ таъкид шуд.

Дурнамои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ворид шудан ба бозорҳои нав тавассути долонҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла таъсиси долони байналмилалии нақлиётӣ ва транзитӣ тибқи созишномаи Ашқободро баррасӣ гардиданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои омодагӣ ба мулоқотҳои дарпешистода баррасӣ шуданд. Дар бораи дар ояндаи наздик гузаронидани ҷаласаҳои навбатии Комиссияҳои байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ барои муайян кардани "нуқтаҳои афзоиш"-и нав, омода кардани лоиҳаҳо ва созишномаҳои пешомаднок созиш ҳосил шуд.

Роҳбарон ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Дар поёни мулоқот сарони Ӯзбекистон ва Туркманистон омодагии худро оид ба пайваста амиқсозии шарикии стратегӣ дар асоси тамоюлҳои эътимоди мутақобила ва эҳтиром ба манфиати халқҳои ду кишвар тасдиқ карданд.