Роҳбарони Ӯзбекистон ва Чин масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 17 Oktabr 2023 4019

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 октябр бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин баррасӣ шуданд.

    Дар оғози мулоқот Президенти кишварамон ба роҳбари Чин барои даъват ва истиқболи самимӣ изҳори сипос кард.

    Сарвари давлатамон Раиси ҶМЧ-ро бо рӯзи ташкилёбии Чин ва ҷашни 10-солагии ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» самимона муборакбод намуд.

    Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ташаббуси «Камарбанд, роҳ» ба як платформаи серталаб, фарогир ва кушодаи ҳамкорӣ ба мақсади ноил шудан ба пешрафт ва шукуфоии муштарак табдил ёфт.

    Он чиз маънои амиқи рамзӣ дорад, ки ташаббуси Раиси ҶМЧ «Роҳи сабзи абрешим» бори аввал дар соли 2016 дар Ӯзбекистон эълон шуда буд, – гуфт сарвари кишвари мо.

    Алоҳида қайд гардид, ки Ӯзбекистон тарафдори амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанба бо Чин мебошад.

    Барномаи панҷсолаи рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав татбиқ мегардад.

    Татбиқи пайвастаи созишномаҳое, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин моҳи майи соли ҷорӣ ба даст омаданд, таҳкими муколамаи сиёсӣ ва дастгирии мутақобила оид ба масъалаҳои муҳим бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

    Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо суръат инкишоф меёбанд.

    Дар тӯли солҳои охир ҳаҷми сармояи Чин 5 баробар ва миқдори ширкатҳо 3 баробар афзоиш ёфт. Аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли мутақобила 36 фоиз афзоиш ёфт. Интизор меравад, ки ин нишондиҳанда то охири сол аз 10 миллиард доллар мегузарад.

    Аз он ризоияти тарафайн изҳор гардид, ки барои дар панҷ соли наздик то 200 миллиард доллар расондани муомилоти мол тамоми асосҳо вуҷуд дорад.

    Бо иштироки ширкатҳо ва институтҳои молиявии Чин як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои баланд, энергетикаи муқобил, кимё, мошинсозӣ, металлургия, электротехника, навсозии инфрасохтор ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд.

    Ба васеъ гардондани портфели лоиҳаҳои баландтехнологӣ бо роҳи ташкили муштараки истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ бо арзиши баланди иловагӣ манфиатдорӣ зоҳир карда шуд.

    Ба сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳои судманд бо бонкҳои бонуфузи Чин ва Фонди «Роҳи абрешим» баҳои баланд дода шуд.

    Вусъат ёфтани робитаҳои байниминтақавӣ қайд гардид. Аз аввали сол ҳайатҳои вакилони ҳудуди мухтори Шинҷон-Уйғур, музофоти Шэнси, Шандун, Сзянсу ва Сзянси ба Ӯзбекистон сафар карданд.

    Ба мубодилаи пурсамари таҷриба ва ҳамкории амалӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҷорӣ кардани таҷрибаи Чин дар мубориза бо камбизоатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Барои баррасии рафти татбиқи ҳамаи созишномаҳо баргузор намудани ҷамъомади навбатии Кумитаи байниҳукуматӣ пешниҳод шуд.

    Роҳбарони ду мамлакат ба ҳамкориҳои пуршиддат дар соҳаи фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ баҳои баланд доданд. Барои дастгирии ҷониби Чин аз ташаббуси «Соли фарҳанг ва санъати халқҳои Осиёи Марказӣ ва Чин» эълон шудани соли 2023 изҳори сипос карда шуд.

    Чанде пеш дар Осорхонаи миллии абрешими Хуанчжоу муаррифии Ӯзбекистон баргузор шуд. Экспозитсияи мероси таърихии мо дар намоишгоҳи Ҳамкории бостоншиносӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳҳо» дар осорхонаи қасри «Гугун» дар Пекин ба намоиш гузошта шуд.

    Дар охири моҳи октябр баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Баҳори оянда дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд.

    Баланд шудани шавқу рағбат ба омӯзиши забони чиноӣ дар Ӯзбекистон, хусусан дар байни ҷавонон бо қаноатмандӣ қайд гардид. Дар ин бобат фаъолияти пурсамари Донишкадаи Конфутсӣ дар Тошканд ва Самарқанд ҳиссаи калон мегузорад. Нақшаҳои вусъат додани таълими забони чиноӣ ва мубодилаи олимони ҷавон ба нақша гирифта шудааст.

    Президенти Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки дар Тошканд филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Чин – Донишгоҳи Синхуа ва Донишгоҳи Пекин кушода шаванд.

    Аз рӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор ба амал омад.

    Тағйирнопазир будани мавқеъ дар масъалаҳои дастгирии сиёсати «Чини ягона» ва мубориза ба муқобили «се қувваи бадхоҳ» тасдиқ карда шуд.

    Дар натиҷаи вохӯрӣ оид ба қабул намудани «Харитаи роҳ» ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои ба миён гузошташуда тавофуқ ҳосил шуд.

    Дар анҷоми музокирот сарвари давлати мо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро даъват намуд, ки ба Ӯзбекистон ташриф оварад.

    Мулоқот дар фазои анъанавии эътимоднок, ошкоро ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates