Дурнамои густариши ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва UNFPA баррасӣ шуд
31 июл Раис Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ӯзбекистон Нигина Абасзода мулоқот анҷом дод.
Духтаре аз шаҳраки Ҷумъаи ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд дар риштаи дзюдо барои Ӯзбекистон аввалин медали тиллоро ба даст овард! Вай дар вазни то 52 кг қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020, қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳонӣ Уту Абеи ҷопониро, ки дар тӯли панҷ соли комил мағлуб нашуда буд, аллакай дар марҳилаи 1/8 финал нокаут карда, сенсатсия гузошт! Ва он гоҳ касе натавонист роҳ сӯи тиллои Томириси девонавори ӯзбекистониро боздорад.