Тасаллият ба муносибати фавти Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев

    Ҳукумат 5 Sentabr 2023 5433

    Маданият ва санъати Ӯзбекистон ба талафи калон дучор шуд. 4 сентябри соли ҷорӣ дар синни 77 намояндаи бузурги санъати миллии таронасароӣ, мураббии бисёр устодони маданият, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев вафот кард.

    Шералӣ Ҷӯраев 12 апрели соли 1947 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд ёфтааст. Соли 1971 Донишкадаи давлатии театру рассомии Тошканд (ҳоло Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон)-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро чун ҳунарпешаи дастаи тарона ва рақси «Шодлик» оғоз намуд. Дар тӯли солҳои бисёр ӯ ба халқи худ содиқона хидмат намуд, дар чунин ташкилотҳои эҷодӣ, мисли филармонияи вилоятии Андиҷон, филармонияи давлатии Ӯзбекистон, муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» кор кард.

    Шералӣ Ҷӯраев бо истеъдоди нодир, овоз ва маҳорати иҷрогарии баланди нотакрораш, бо эҷоди садҳо таронаҳои нодир маҳбубияти халқро ба даст оварда буд. Ба ғанӣ гардондани «хазинаи тиллоӣ»-и санъати таронасароии ӯзбекӣ бо навиштани оҳангҳо ба асарҳои назмии классикӣ ва адабиёти муосир саҳми беназир гузошт.

    Шералӣ Ҷӯраев бо эҷоди сермаҳсули бисёрсолаи худ дар рушди санъат ва маданияти миллии муосир, афзудани шуҳрати он дар хориҷ аз мамлакат намунаи хидмати фидокорона гардид. Ӯ дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ фаъол иштирок намуд. Фаъолияти шуҷоатноки депутатии вай дар парлумони миллӣ ба хотири мустаҳкам намудани пойгоҳи маънавии истиқлолиятамон, тарбияи насли наврас дар роҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ шоистаи таҳсин аст.

    Дар солҳои охир ӯ дар вазифаи раиси Шӯрои шафоатии фонди ҷамъиятии «Ватандошлар» босамар хизмат кард, ба мустаҳкам намудани алоқа бо ҳамватанони хориҷӣ саҳми калон гузошт.

    Овозхони беназир бисёр истеъдодҳои ҷавонро тарбия намуда, мактаби эҷодии худро дар санъати миллии таронасароии ӯзбекӣ ба вуҷуд овард.

    Хидматҳои Шералӣ Ҷӯраев дар рушди санъат ва маданияти миллӣ аз тарафи давлат муносиб қадр гаштааст. Ӯ сазовори унвонҳои баланди Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, унвонҳои фахрӣ гардида, бо Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ, орденҳои «Фидокорона хизматлари учун» ва «Эл-юрт ҳурмати» тақдир гаштааст.

    Хотираи дурахшон дар бораи устоди нотакрори санъат, инсони хоксор ва поквиҷдон, мураббии ғамхор ва сахтгири ҷавонон Шералӣ Ҷӯраев дар қалбҳоямон абадӣ боқӣ мемонад.

    Ш. МирзиЁев, Т. Норбоева, Н. Исмоилов,

    А. Арипов, Х. Султонов, О. Назарбеков