Пеш аз ҳама, Шумо азизонро, тамоми халқамонро бо фарорасии Моҳи шарифи Рамазон, ки рамзи меҳру оқибат, хайру саховат ва шукргузорӣ аст, аз таҳти дил самимона табрик мегӯям.
Албатта, дар чунин рӯзҳои муборак ҳамаи мо аз Худованди мутаол шукргузорем, ки ҳамаи моро дар фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба моҳи шарифи Рамазон расонд.
Ба мақсади муносиб таҷлил намудани ин моҳ, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии мардуми мо аҳамияти хоса дорад ва мардумро ба корҳои хайр даъват мекунад, имсол дар кишварамон корҳои васеи омодагӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаҳо ва аҳли ҷомеа ба ободонии манзилҳои истиқоматӣ, масҷид ва мадрасаҳо, аёдати пиронсолон, ногироён ва ниёзмандон, зоҳир намудани меҳру таваҷҷуҳ ба ҳамсояҳо ва наздикон, бо тартиб гузаронидани ибодат ва маросими ифтор аз ҷониби аҳли хонадон, сокинони маҳалла ва намояндагони ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Бешубҳа, ҳамаи ин барои тақвияти ганҷинаи бебаҳои мо - фазои сулҳу оромӣ, ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирии динӣ, тамоюлҳои инсонпарварӣ, инчунин рушди кишвари мо ва беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолӣ хизмат мекунад.
Дар ҳақиқат, хусусиятҳои беназири моҳи Рамазон, аҳамияти баланди маънавӣ ва маърифатии он дар чунин амалҳои нек равшан намоён мешаванд.
Вақте дар ин бора ҳарф мезанем, гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои охир таъмини шаъну шарафи инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо ва тақвияти адолати иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст ва ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар ин замина амалӣ карда мешаванд, ҳаёти мардуми моро ба куллан тағйир медиҳанд.
Ин орзуҳои наҷиб моҳият ва мундариҷаи “Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият”-ро, ки дар кишвар эълон шудааст ва корҳои амалии дахлдорро, ки мо дар ин самт оғоз кардаем, муайян мекунанд.
Асоси болоравии ҷомеа маҳалла мебошад. Зеро, агар маҳалла рушд кунад, тамоми ҷомеа низ рушд хоҳад кард. Муваффақият ва некӯаҳволии маҳаллаи мо, дар ниҳоят ҳамчун пешрафт ва шукуфоии тамоми ҷомеа зоҳир мегардад.
Дӯстони азиз!
Дар чунин рӯзҳои саодатбор, ки бар замини муқаддаси мо марҳамати Худованди таъоло нозил аст, ёдоварӣ аз хотираи аҷдодон, идома додани корҳои неку амали хайри онҳо барои ҳамаи мо ҳам қарз асту ҳам фарз.
Тавре ба Шумо аён аст, солҳои охир дар кишвар ҷиҳати ободонии зиёратгоҳҳои муқаддаси бузургон ва алломаҳое, ки дар рушди дини ислом ва фарҳанги он саҳми беназир гузоштаанд, эҳё ва омӯзиши мероси илмии онҳо, таблиғи он миёни мардум, бахусус ҷавонон, корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Бо ифтихор мехоҳам таъкид намоям, ки ба шарофати азму ирода ва нерӯи мардуми мо, ки ба анъанаҳои пурифтихори ниёи бузург содиқона умр ба сар мебаранд, дар асоси лоиҳаҳои нодири меъморӣ корҳои бунёди Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд, ҳамчунин Маҷмааи Имом Бухорӣ дар шаҳри Самарқанд ба анҷом расиданд.
Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон бо иштироки уламои муҳтарам, намояндагони илму фан ва аҳли эҷод, инчунин ҷомеаи васеъ дар ин маконҳои муборак ба хотираи авлиё ва алломаҳои бузург дасторхони эҳсон густурда, дарҳои ин зиёратгоҳҳои муқаддас барои мардум васеъ боз хоҳанд шуд ва мо ният дорем, ки ин корҳоро ҳатман амалӣ намоем.
Мутаассифона, имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҷангу низоъҳо идома доранд. Дар чунин айёми муборак, ки ниятҳои пок қабул мешаванд, аз самими дил орзу менамоем, ки низоъу душманиҳо поён ёфта, сулҳ, эътимоди мутақобил ва ҳамкорӣ пойдор гардад.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамватанони худ дар кишварҳои дуру наздик, инчунин ба тамоми уммати мусулмон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек ирсол менамоем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон – моҳи хайру баракат ва меҳру шафқат самимона табрик мегӯям.
Дар ин рӯзҳои пуршукӯҳ ба ҳар яки шумо сиҳату саломатӣ, бахту саодати хонаводагӣ, ба хонадонатон сулҳу осоиш таманно дорам.
Ҳамаи ибодат, ният ва амалҳои неке, ки дар рӯзҳои рӯза анҷом дода мешаванд, иҷобат гарданд!
Худованд халқамон ва Ватани моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад!
Моҳи Рамазон ба ҳамаи мо муборак бошад!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон