Масъалаи барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон муҳокима гардид

    Ҳукумат 20 Sentabr 2022 5869

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр мушовири худ оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идораи босамар ва ҳамкории байналхалқӣ Сума Чакрабартиро қабул кард.

    Дар мулоқот масъалаҳои натиҷаҳои бадастомада ва қадамҳои оянда дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ ва идорӣ дар мамлакатамон муҳокима гардиданд.

    Мушовир Чакрабарти пешвои Ӯзбекистонро бо баргузор гардидани муваффақиятноки ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд табрик намуд, Пешниҳоди Президенти мамлакатамонро оид ба ҳамбастагӣ ба хотири бехатарии умумӣ ва шукуфоӣ олӣ арзёбӣ намуд.

    Роҳбари давлат ногузирии идома додани омодагии ҷиддии якҷоя ва татбиқи амалии баъдинаи бозсозиро аз рӯйи самтҳои бартаринок таъкид намуд. Ин, аз он ҷумла, такомул ва баланд бардоштани рақобатнокии соҳаҳои калидии иқтисодиёт, трансформатсия ва баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ, рақамисозии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият, ба вуҷуд овардани муҳити мусоид ва кории сармоягузорӣ, тарбияи кадрҳои насли нав мебошанд.

    Сума Чакрабарти изҳори омодагӣ намуд, ки минбаъд низ ба Ҳукумати Ӯзбекистон дар ин масъалаҳо фаъолона ҳамдастӣ менамояд.

    Ёдовар мешавем, ки то мушовири Президенти Ӯзбекистон таъин гардидан Сума Чакрабарти ҳашт сол дар вазифаи президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо кор кардааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates