Дар Ӯзбекистон иқтидорҳои бузург ба кор андохта шуданд ва сохтмони як қатор иншооти нави энергетикӣ оғоз ёфт

    5 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии ба кор даровардан ва оғози сохтмони иқтидорҳо ва иншооти нави энергетикӣ ва инфрасохтор иштирок намуд.

    Дар ин чорабинӣ вазири энергетика ва инфрасохтори Аморати Муттаҳидаи Араб Суҳайл ал-Мазруӣ, вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Алпарслан Байрактар, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Талайбек Ибраев, инчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки исломии рушд ва ширкатҳои пешсаф, аз ҷумла ACWA Power (Арабистони Саудӣ), Aksa Enerji, Cengiz Enerji (Туркия), Masdar (АМА), China Energy, Datang, Sinoma, Poly (Чин), EDF, Voltalia, TotalEnergies (Фаронса), Siemens Energy (Олмон) ва Nebras Power (Қатар) иштирок доштанд.

    Иншооти нав 42 иқтидори нави тавлидӣ, ғанигардонӣ ва истеҳсолӣ ва дигар зерсохторҳои энергетикӣ ба маблағи умумии 11 миллиард доллар ҷузъи стратегияи бузурге мебошад, ки дар кишвари мо ба хотири таҳкими иқтидори энергетикаи миллӣ татбиқ мегардад.

    16 неругоҳи офтобӣ, бодӣ, гармӣ ва обӣ бо арзиши умумии 3,3 миллиард доллар ва иқтидори 3,5 ҳазор мегаватт дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё ва Тошканд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

    Пас аз ба иқтидори пурра баромадан, ин неругоҳҳо солона 15 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳанд кард.

    Дар натиҷа, соли оянда ҳаҷми истеҳсоли неруи “сабз” дар кишвар ба 23 миллиард киловатт-соат хоҳад расид. Ин имкон медиҳад, ки эҳтиёҷи солонаи аҳолии Ӯзбекистон ба неруи барқ пурра таъмин гардад.

    Муҳимтар аз ҳама, истифодаи энергияи тоза истеъмоли гази табииро тақрибан ба 7 миллиард метри мукааб коҳиш медиҳад. Ҳамзамон ба ҳаво партофта шудани 11 миллион тонна моддаи зараровар пешгирӣ хоҳад шуд.

    Дар байни лоиҳаҳои бакорандохташуда — 10 низоми нигоҳдории энергия бо ҳаҷми умумии 1 ҳазору 245 мегаватт мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки дар замони авҷгирии сарборӣ ба шабака иловатан 1,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ дода шавад.

    Илова бар ин, 11 зеристгоҳи калон ва 420 километр шабакаҳои баландшиддат ба истифода дода мешаванд, ки фаъолияти устувори низоми энергетикиро таъмин хоҳанд кард.

    Корхонаҳои нави «Angren Energo» оид ба истеҳсоли 15 ҳазор трансформатор ва «Uzhydropower» оид ба истеҳсоли 155 агрегати гидравликӣ дар як сол низ дар рушди иқтисодиёт саҳми муҳим мегузоранд.

    Сарвари давлат зимни суханрониаш дар маросим изҳори итминон кард, ки ин рӯйдоди муҳим қадами навбатии амалӣ дар роҳи рушди устувори Ӯзбекистон хоҳад шуд.

    – Бо дарназардошти афзоиши босуръати иқтисод ва болоравии ниёзҳои аҳолӣ, мо дар соҳаи энергетика ислоҳоти густурда амалӣ менамоем. Дар ин самт мо ду ҳадафи асосиро муайян кардаем. Якум таъмини боэътимод ва бефосилаи ҳамаи соҳаҳо ва минтақаҳо бо энергияи барқ. Дуюм иҷрои ин вазифа асосан аз ҳисоби манбаъҳои муосир, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия, – изҳор намуд Президент.

    Қайд гардид, ки дар чанд соли охир ба соҳаи энергетика 35 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 9 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нав ба истифода дода шудаанд.

    Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 60 миллиард киловатт-соат дар соли 2017 то 85 миллиард киловатт-соат дар соли ҷорӣ афзоиш ёфт.

    Махсусан муҳим аст, ки неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии тақрибан 5 ҳазор мегаватт, инчунин неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори 400 мегаватт ба кор дароварда шуданд. Ҳиссаи энергияи «сабз» дар ҳаҷми умумии тавлид дар ҳамин сол ба 30 фоиз мерасад.

    Ғайр аз ин, дар бахши хусусӣ, хонаводаҳо ва иншооти иҷтимоӣ 2 ҳазор мегаватт панелҳои хурди офтобӣ насб карда шудаанд. Танҳо дар ҳамин сол онҳо истеҳсоли қариб 2 миллиард киловатт-соат неруи барқароршавандаи иловагиро таъмин намуданд. Дар саросари кишвар 69 ҳазор километр шабакаҳои барқ, 14 ҳазор нуқтаи трансформаторӣ ва зеристгоҳҳои баландшиддат таҷдид карда шуданд.

    Чунин тағйирот ба рушди корхонаҳои ватанӣ такони пурқувват бахшид. Аз оғози сол истеҳсолкунандагони маҳаллӣ барои неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ масолеҳи сохтмон, конструксияҳои металлӣ, маҳсулоти кабелӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ интиқол доданд, инчунин хизматҳои лоиҳакашӣ, муҳандисӣ ва сохтмониро ба маблағи 700 миллион доллар расонданд.

    Барои мисол, аввалин неругоҳи барқи обии каскади Норин бо иқтидори 38 мегаватт пурра бо истифода аз таҷҳизот ва масолеҳи ватанӣ ба истифода дода шуд.

    Роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки дар ин дастовардҳо ва муваффақиятҳо саҳми сармоягузорони хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ бисёр бузург аст.

    Сарвари давлат изҳор дошт, ки дар панҷ соли наздик бо ҷалби зиёда аз 150 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба истифода додани ҳазор иншооти саноатӣ ва инфрасохторӣ, инчунин таъсиси шумораи зиёди ҷойҳои кории баландмузд дар назар аст.

    Барои фароҳам овардани шароити ҷолиб барои ширкатҳое, ки дар самтҳои нави IT, зеҳни сунъӣ ва «интернети ашё» фаъолият мекунанд, таъсиси кластерҳои суперкомпютерӣ ва марказҳои маълумот пешбинӣ шудааст.

    Дар ин замина, ширкати саудии «DataVolt» аллакай татбиқи лоиҳаи сохтмони маркази маълумоти дорои иқтидори 500 мегаваттро бо ҳаҷми сармоягузории 3 миллиард доллар оғоз намудааст.

    Татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург талабот ба неруи барқро ба таври назаррас – ҳадди ақал 1,5 баробар зиёд мекунад. Дар ин робита Президент ба нақшаҳои минбаъдаи рушди энергетика таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

    Якум, барои қонеъ намудани афзоиши талабот ба неруи барқ то соли 2030 зиёда аз 17 ҳазор мегаватт иқтидорҳои энергетикаи барқароршаванда ба истифода дода мешаванд. Дар натиҷа ҳиссаи энергияи «сабз» дар ҳаҷми умумии тавлид то 54 фоиз расонда мешавад.Барои ҳамгироии иқтидорҳои нав ба низоми ягонаи энергетикӣ 6 ҳазор километр хатҳои баландшиддати интиқоли барқ сохта мешаванд. Аллакай соли оянда гузоштани 1 ҳазор километр чунин хат ва сохтмони зеристгоҳҳо бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт дар назар аст.

    Дуюм, густариши ҷалби сармояи хориҷӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ. Аз соли ҷорӣ принсипҳои шарикии хусусӣ на танҳо дар истеҳсоли неруи барқ, балки дар таъминоти он низ татбиқ мегарданд.

    Аз ҷумла, бо ширкати туркии «Aksa Elektrik» оиди ба идоракунии хусусӣ супоридани шабакаҳои барқии минтақаи Самарқанд созиш ҳосил шудааст.

    Ширкат шабакаро ба идоракунии амалиётӣ мегирад, ба навсозӣ сармоягузорӣ мекунад ва талафотро ду баробар коҳиш медиҳад, ки дар натиҷа солона ба ҳисоби миёна 20 миллион доллар сарфа мегардад.

    Ба ҳамин монанд, соли оянда ба сармоягузорон идоракунии шабакаҳои барқии вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё ва соли 2027 – Намангон ва Тошканд пешниҳод карда мешаванд.

    Сеюм, дастгирии фаъоли гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия.

    Дар соли нав дар 300 маҳалла дар асоси кооператсия неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 107 мегаватт насб карда мешаванд. Ин ташаббуси иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки 30 ҳазор оилаи камбизоат бо энергияи «сабз» таъмин шуда, изофаи онро ба шабака интиқол диҳанд ва даромади иловагӣ ба даст оранд.

    Соҳибкорон дар ҳамин сол 40 мегаватт неругоҳҳои хурд ва микроНБО сохтанд. Дар натиҷа 120 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шуда, худи соҳибкорон манбаи нави даромад ба даст оварданд.

    Соли оянда боз 65 мегаватт неругоҳҳои хурд ва микроНБО сохта мешаванд, ки таъминоти барқи 80 ҳазор хонаводаро ба таври ҷиддӣ беҳтар мекунад.

    Чаҳорум, дар конфронси иқлимии COP-30, ки дар Бразилия баргузор шуд, Ӯзбекистон дар доираи Созишномаи Париж уҳдадории муҳим то соли 2035 то 50 фоиз коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаиро ба зимма гирифт.

    Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бори аввал татбиқи лоиҳаи инноватсионии «iCRAFT» оғоз гардид, ки дар доираи он 23 миллион тонна кам шудани партовҳои гулхонаии Ӯзбекистон ба ҳисоб гирифта шудааст. Низоми фурӯши воҳидҳои карбон дар бозори байналмилалӣ ба кор дароварда шуд.

    Қайд кардан зарур аст, ки танҳо дар ҳамин сол 17 корхонаи бузурги саноатӣ ба низоми байналмилалии сертификатсияи энергияи «сабз» гузаштанд. Дар ду соли наздик теъдоди чунин корхонаҳо то 100 расонида мешавад.

    Панҷум, рушди шарикӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар самти фароҳам овардани бозори ягонаи энергетикӣ.

    Соли оянда маблағгузории лоиҳаи неругоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар ҳамкорӣ бо Қирғизистон ва Қазоқистон барои истифодаи самаранок ва муштараки потенсиали гидроэнергетикии минтақа оғоз мегардад.

    Сарвари давлат инчунин саъю талошҳои қатъии роҳбарияти Озарбойҷон ва Қазоқистонро дар доираи лоиҳаи таъсиси долони «сабз» барои содироти неруи барқ ба Аврупо махсус таъкид намуд.

    – Ҳамаи лоиҳаҳое, ки имрӯз мо оғоз менамоем, манбаи рушди устувори иқтисодӣ гардида, барои наслҳои оянда имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Ба шарофати чунин қадамҳои ҳадафманд мо ҳатман низоми муосири энергетикии навро ташаккул хоҳем дод, – таъкид намуд Роҳбари кишвар.

    Дар анҷом, бо пахш намудани тугмаи рамзӣ, Президенти Ӯзбекистон ба кори 42 иншооти энергетикӣ ва сохтмони 21 лоиҳаи нав оғоз бахшид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates