Суҳбат дар остонаи иди муқаддаси Қурбон, дар рӯзҳои мубораке, ки ҳамватанони мо маросими Ҳаҷро ба ҷо меоранд, баргузор гардид.

Сарвари давлат тавассути муфтӣ ҳамаи зоирони Ӯзбекистонро, ки дар шаҳри муқаддаси Макка қарор доранд, бо иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, орзу кард, ки дуоҳои онҳо ба даргоҳи Худованд барои сулҳу оромӣ дар кишвари мо, шукуфоии мардум ва саодати ҷавонон қабул гардад.

Қайд шуд, ки дар солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав ҳамасола беш аз 15 ҳазор ҳамватан амали Ҳаҷро анҷом медиҳанд. Имсол боз як иқдоми нек амалӣ гардид – 100 нафар шаҳрванд бори аввал аз ҳисоби давлат ба Ҳаҷ фиристода шуданд. Дар миёни онҳо собиқадорони меҳнат, аъзои оилаҳои онҳо, фаъолони маҳаллаҳо, намояндагони насли калонсол ва оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Президент аз ҳолу аҳвол ва рӯҳияи зоирон пурсон шуда, инчунин ба рафти корҳои ташкилӣ оид ба фароҳам овардани шароит барои адои маросимҳои динӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Муфтӣ шайх Нуриддин Холиқназар қайд кард, ки дар шаҳрҳои Макка ва Мадина барои зоирони мо тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, корҳои ташкилӣ дар сатҳи баланд мегузаранд. Таъкид гардид, ки ҳамватанони мо, ки саршор аз ҳисси миннатдорӣ ҳастанд, дар ҷойҳои муқаддас барои сулҳу амният дар кишвари мо ва некӯаҳволии мардум дуо мекунанд.

Дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвар дар соҳаи маърифати динӣ амалӣ мешаванд, ба маънавият, шуур ва маърифати мардум таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки маҷмааҳои тозабунёди Имоми Бухорӣ ва Бурҳониддини Марғинонӣ, Маркази тамаддуни исломӣ ва дигар иншоотҳо барои таблиғи мероси гаронбаҳои ниёгон хизмат мекунанд.

Қаблан қарори Президент дар бораи ҷашнгирии иди Қурбон дар кишвар дар фазои гарм ва бошукӯҳ қабул гардид. Чорабиниҳои хайрия низ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар робита ба ид маблағҳои иловагӣ барои дастгирии табақаҳои иҷтимоии осебпазир ҷудо мегарданд, барои беш аз 10 ҳазор кӯдак амалиётҳои ҷарроҳии мураккаб гузаронида мешаванд, инчунин тақрибан 2 ҳазор ҳамватанони гирифтори бемориҳои вазнин табобат мегиранд. Ҳамчунин маблағҳо барои ободонии масҷидҳо ва қабристонҳо равона карда мешаванд.

Сарвари давлати мо изҳори боварӣ намуд, ки ҳоҷиёни дуогӯй ва рӯзгордида пас аз бозгашт ба Ватан дар расонидани маърифати ислом ва эътиқоди солим ба мардуми мо, махсусан ба ҷавонон, инчунин дар таҳкими меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити маънавӣ дар маҳаллаҳо намунаи ибрат хоҳанд шуд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти мо ба ҳамаи ҳоҷиён салом фиристода, таманно кард, ки амалҳои савобашон пазируфта шуда, ба Ватани мо саломат баргарданд.