Ғалабаи паралимпчиён – намунаи дурахшони қаҳрамонӣ ва мардонагии ҳақиқӣ

    Ҳукумат 10 Sentabr 2021 4778

    Президент Шавкат Мирзиёев 10 сентябр бо варзишгарон ва мураббиёне, ки дар Бозиҳои XVI паралимпӣ ширкат намуданд, вохӯрӣ баргузор намуд.

    Дар он инчунин роҳбарияти Кумитаи паралимпии миллӣ ва федератсияҳои варзишӣ, падару модарони паралимпиён, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳузур доштанд.

    Бозиҳои паралимпӣ аз 24 август то 5 сентябр дар пойтахти Ҷопон – Токио баргузор гардид. Барои иштирок дар он ҷавононамон 55 литсензияро аз рӯйи 8 намуди варзиш ба даст оварда буданд, ки ин ҳоло дар варзиши паралимпии ватанамон беҳтарин натиҷа ба шумор меравад.

    Ҷавононамон маҳорати баланд ва шуҷоат зоҳир намуда, 8 медали тиллоӣ, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Шоистаи таъкид аст, ки аз 19-то 11 ҷоизаро духтарон ба даст оварданд.

    Умуман ҷамоаи мунтахаби мамлакатамон дар байни беш аз 160 мамлакат ҷойи 16-ро ба даст овард. Дар байни мамлакатҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4-ум, дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

    Дар маросим Президент ҳамаро бо ғалабаи бузурги варзишгаронамон табрик намуд.

    Роҳбари давлат ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқотро табрик намуда, ба мураббиён ва падару модарони онҳо миннатдорӣ изҳор кард.

    – Дастовардҳои шумо натиҷаи натанҳо машқҳои пай дар пай, балки омодагии қавии психологӣ, иродаи қатъӣ ва азми бошарафи шумо мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Тавре ки ниёи мо мутафаккири бузург Ҳаким Тирмизӣ фармудааст: «Чизе ки аз даст рафт набояд аз он ғамгин шуд. Аз он надомат бояд кард, ки азми кӯшиш барои пирӯзӣ аз даст меравад. Зеро коре ки бо пиндори нек оғоз мегардад, бешак самар хоҳад бахшид».

    Ба омодагӣ ва рағбатноксозии варзишгарон дар мамлакатамон эътибори калон дода мешавад. Барои тайёрии босифат шароити муносиб нафақат барои бозиҳои олимпӣ, балки бозиҳои паралимпӣ низ фароҳам оварда шудааст. Ғолибон ва ҷоизадорони паралимпӣ бо мошин ва хона дар пойтахт мукофотонида шуданд. Бинобар фармони Президент ҳамаи иштирокдорон ва мураббиёни онҳо мукофотҳои пулӣ гирифтанд.

    Президент аҳамияти мустаҳкам намудани муваффақиятҳоро таъкид кард ва худи имрӯз шурӯъ намудани омодагиро ба Бозиҳои паралимпии соли 2024 дар Париж дар асоси низоми ҷиддӣ зикр кард. Вазифаҳои муҳим дар ин самт муайян гардиданд. Дар бобабти ҷалб намудани шахсони ногиро ба машғулоти варзиш, рушди ҷунбиши паралимпӣ, интихоб ва тарбияи истеъдодҳо, ҷалби мутахассисон ва мураббиёни ботаҷриба аз хориҷа супоришҳо дода шуд.

    Шуъбаҳои паралимпӣ дар муассисаҳои таълимии варзишӣ ба вуҷуд оварда шуда, квотаҳои иловагӣ ҷудо мегардад, барномаҳои махсуси таълимӣ ва услубӣ ба амал татбиқ мегарданд.

    Дар бобати аз соли оянда ба роҳ андохтани фаъолияти Институти тарбияи мутахассисон оид ба намудҳои паралимпии варзиши назди Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон вазифа гузошта шуд.

    Таъкид гардид, ки барои мустаҳкам намудани тандурустӣ, пурзӯр намудани омодагии ҷисмонӣ ва психологии паралимпиён барои онҳо додани Маркази ҷумҳуриявии илмиву амалии тиббии варзишӣ, таъмини онҳо бо доруҳо муҳзим аст.

    Дар заминаи рушди намудҳои зимистонаи варзиши паралимпӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои паралимпиён дар пойгоҳҳои истироҳатгоҳҳои лижатозии кӯҳии «Амирсой» ва қасри яхи «Ҳумо арена» вазифаҳо гузошта шуд.

    Роҳбари давлат ба вуҷуд овардани «Мактаби мардонагӣ»-ро дар назди Кумитаи паралимпии миллии Ӯзбекистон пешниҳод намуд.

    – Мутаассифона, имрӯз бисёр ҷавонон, ки дар ҳаёт бо оддитарин мамониат ва ё машаққат дучор гардидаанд, умедро аз даст медиҳанд, руҳафтода гардида, ба роҳи ғалат медароянд. Агар шумо, варзишгарони муҳтарами мо, бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоаҳои меҳнатӣ, хусусан дар маҳаллаҳо вохӯриҳо ташкил намуда, ба онҳо дар бораи ҳаёти худ, роҳи бомашаққати худ, дар бораи он ки шумо чӣ гуна озмоишҳоро пушти сар намудаед, нақл кунед, фикр мекунам, ки онҳо албатта шуморо чун намуна қабул мекунанд, – гуфт Президент.

    Инчунин васеъ равшан намудани ҳаёт, дастовард ва пирӯзиҳои паралимпиён ногузир шумурда шуд.

    – Он ки онҳо босаброна ва бо ҳисси сипосгузорӣ дар ҳаёт ҷойгоҳи муносибро ишғол намуда, озмоишҳои тақдирро бошуҷоат пушти сар намудаанд – ин мисоли равшани қаҳрамонӣ ва мардонагии ҳақиқӣ аст. Мардуми мо, хусусан ҷавонон ҳарчи бештар дар бораи ҳаёти намунавӣ ва фаъолияти чунин одамон маълумот пайдо гиранд, эҳтимоли зиёд ба онҳо пайравӣ намудан, ин барои минбаъд солим гардидани муҳити маънавӣ дар ҷамъиятамон хидмат хоҳад кард, – гуфт роҳбари давлат.

    Бинобар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба гурӯҳи варзишгарон ва мураббиёне, ки дар Бозиҳои XVI паралимпии Токио ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, унвонҳои фахрӣ супурда шуда, бо орден ва медалҳо мукофотонида шуданд.

    Дар маросим тантанавор супурдани ин мукофотҳои олӣ баргузор гардид.

    Варзишгарон ва мураббиён, падару модарон ба сухан баромада, барои эътибори баланд ва дастгирӣ аз ҷониби давлат изҳори миннатдорӣ карданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates