Паратлетчиёни Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон дар Париж 17 ҷоизаи гуногунро ба даст оварданд.

    Варзиш 19 Iyul 2023 1139

    Аз 8 то 17 июл дар Париж чемпионати навбатии чахон оид ба пара-атлетика барпо гардид. Дар он мунтахаби Ӯзбекистон бомуваффақият баромад карда, соҳиби 17 ҷоизаи гуногун (6 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) гардид.

    Ба шарофати ин натиҷа ҳайати ватанӣ дар ҳисоби даставӣ мақоми 8-умро касб кард. Нуқтаи муҳими дигар ин аст, ки варзишгарони шуҷоъ ва далер дар ҷараёни мусобиқот 19 роҳхат ба Бозиҳои паралимпии соли 2024 дар Париж ба даст оварданд.

    Барои маълумот: Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ аз 28 август то 8 сентябри соли 2024 дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ҳудуди 4400 варзишгар ширкат мекунанд, ки барои 549 медал мубориза мебаранд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates