«Порлумон ба хулоса омад, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз бояд баста шавад, вале қарори ниҳоиро дар ин бора Шӯрои амнияти миллӣ хоҳад қабул кард», — гуфтааст ӯ, хабар медиҳад телевизиони Press TV.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз дар қисми шимолу ғарбии уқёнуси Ҳинд ҷойгир буда, халиҷи Форсро бо халиҷи Умон ва баҳри Араб мепайвандад.
Ин гулӯгоҳ аҳамияти стратегии бузург дорад — ҳам аз ҷиҳати амнияти низомии кишварҳои минтақа ва ҳам аз ҷиҳати савдои ҷаҳонӣ.
Тавассути он қисми бузурги захираҳои энергетикӣ, ки аз Ховари Миёна содир мешаванд, интиқол меёбад.
Аз ин масир Ироқ, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, Қатар ва АМА нафт ва гази моеъ (СПГ)-и худро содир мекунанд.
Беш аз 80 дарсади содирот ба кишварҳои Осиё равона мешавад, боқимонда — ба Иттиҳоди Аврупо.
То 20% нафти ҷаҳонӣ ва зиёда аз 35% гази моеъ тавассути ин гулӯгоҳ интиқол дода мешавад.
Чаҳоряки гази воридотии Чин аз ҳамин роҳ мегузарад.
Бузургтарин воридкунандагони нафт аз ин масир — Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин мебошанд.
Дар тангтарин қисматаш паҳноии гулӯгоҳ 33 километрро ташкил медиҳад.
Тамоми соҳили шимолии гулӯгоҳ ба Эрон тааллуқ дорад ва кишвар дар воқеъ назорати ҷиддии ин масири обиро ба ӯҳда дорад, хабар медиҳад ria.ru.








