Нақшаҳо оид ба инкишофи паррандапарварӣ ва чорводорӣ муаррифӣ гардиданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 21 январ бо тақдимоти чорабиниҳо оид ба рушди паррандапарварӣ ва босамар истифода намудани чарогоҳҳо шинос гардид.

    Ин соҳаҳо дар таъмини бехатарии озуқаворӣ ва нархи муносиби маҳсулоти озуқаворӣ нақши муҳим доранд. Ба шарофати шароити дар солҳои охир фароҳамомада ва лоиҳаҳои татбиқгардида нишондодҳои истеҳсолӣ муттасил меафзояд. Барои нигоҳ доштан ва афзудани суръат соли ҷорӣ то ба 1 миллион тонна расондани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парранда, то 10,5 миллиард дона расондани тухм ба нақша гирифта шудааст. То ба ду баробар афзудани содирот, яъне то 180 миллион доллар расондан ба нақша гирифта шудааст.

    Дар чорводорӣ ба кор андохтани 1350 лоиҳа, таҳияи 3,2 миллион тонна гӯшт, ба даст овардани 13 миллион тонна шир, ки 30 фоизи он бо роҳи саноатӣ азнавкоркард мешавад, ба нақша гирифта шудааст.

    Дар тақдимот пешниҳодот дар заминаи даст ёфтан ба нишондодҳои номбурда баррасӣ гардиданд.

    Аз он ҷумла, дар мамлакат ташкили корҳои зотпарварии дараҷаи якум оид ба селексияи паррандаи самти гӯштӣ сар шудааст. Якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин таҷриба барои паррандаи тухмӣ низ паҳн карда шавад.

    Дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Самарқанд ва Хоразм намунаҳои муваффақонаи ҳамкорӣ дар соҳаи паррандапарварӣ вуҷуд доранд. Ба туфайли он аҳолӣ фоида ба даст меорад ва корхонаҳои соҳа бо муваффақият фаъолият менамоянд.

    Барои мисол, корхонаи «Етти хазина» дар ноҳияи Қӯшработ ба хонаводаҳо паррандаҳои ваксинашуда, қафас ва хурокворӣ медиҳад ва худаш тухмҳои истеҳсолшударо мехарад.

    Таъкид шуд, ки чунин лоиҳаҳоро дар тамоми мамлакат ташкил бояд кард ва ҳамзамон истеҳсолот ва ҷойҳои корро бояд афзуд. Ба ин мақсадҳо 50 миллион доллар равона карда мешавад.

    Инчунин дар заминаи солимсозии молиявӣ ва беҳсозии кори корхонаҳои паррандапарварӣ, ки муваққатан фаъолиятро бас кардааст ё бо иқтидорҳои паст кор мекунанд, супоришҳо дода шуд.

    Боз як манбаи муҳими некӯаҳволии мардум чарогоҳҳо мебошанд. Аммо қариб нисфи онҳо истифода намегарданд. Сабаб дар он аст, ки тухмипарварии растаниҳои чарогоҳӣ инкишоф наёфтааст, объектҳои манбаи об ва чоҳҳо кифоят намекунанд, ғайр аз ин ҳисоби рақамӣ ва низоми иҷораи чунин қитъаҳо ба роҳ андохта нашудааст.

    Бинобар ин пешниҳод мегардад, ки чарогоҳҳо ба ихтиёри Кумита оид ба ветеринария ва рушди чорводорӣ гузаронда шавад. Нақшаи электронии «E-yaylov» ба вуҷуд оварда шавад, ки дар он тамоми қитъаҳо дохил карда мешаванд. Дар он дақиқан чунин ҳудудҳое, ки барои чорводорӣ, кишт ва ё лоиҳаҳои кофтукови геологӣ муқаррар гаштаанд, инъикос мегарданд.

    Дар ҳафт вилояте, ки қисми асосии чарогоҳҳо ҷойгир мебошанд ва ташкил намудани хоҷагиҳои чарогоҳиро ба нақша гирифтаанд, ки онҳо мисли хоҷагиҳои ҷангал ба нигоҳдоштан ва босамар истифода намудани ин заминҳо масъул мебошанд. Заминҳо дар таркиби чунин хоҷагиҳо ба аҳолӣ барои 30 сол аз тариқи ауксион барои чорводорӣ, парвариши дарахтони писта ва бодом ба иҷора дода мешаванд.

    Роҳбари давлат ин ташаббусҳоро дастгирӣ намуд ва оид ба аз ҳолати вайроншавӣ баровардани чарогоҳҳо, ба вуҷуд овардани обкашиҳои иловагӣ ва рушди тухмипарварии растаниҳои чарогоҳӣ супоришҳо дод.

    Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ лоиҳаи озмоишӣ дар бобати ба тартиб андохтани чарондани 1 миллион сар гӯсфанд дар майдони 500 ҳазор гектар чарогоҳ роҳандозӣ мегардад.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои дастгирии молиявии корхонаҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ муҳокима гардиданд. Ба аҳамияти баланд бардоштани бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нав ва кооператсия ишора гардид.

    No date selected
    February 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    Use cursor keys to navigate calendar dates