Нафақа ва кумакпулӣ ба ӯзбекистониҳо 5-6 январ дода мешавад

    Буриши иҷтимоӣ 29 Dekabr 2021 1197

    Нафақа ва кумакпулӣ дар пули нақд ва ғайринақд ба шаҳрвандони Ӯзбекистон аз 5-6 январи соли 2022 пардохта мешаванд. Дар ин бора дар хидмати матбуоти Фонди нафақа хабар доданд.

    «Ин ба он далел аст, ки 31 декабри соли 2021 ва 1-4 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳат эълон карда шуданд», - омадааст дар хабари Фонд.

    Зимнан зикр мегардад, ки тибқи қарори Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба такмили механизми пардохти музди меҳнат, нафақа, ёрдампулӣ ва стипендияҳо", ба Вазорати молия, Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия, "Халқ банк" супурда шудааст, ки пардохти нафақаро мувофиқи банди 2-юми ҳуҷҷати мазкур, дар муҳлати қонунгузорӣ муқаррарнамуда, на дертар аз санаи 27-уми моҳи дахлдор таъмин намояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates