Оташбас байни Исроил ва Лубнон эътибор пайдо кард

    Режими оташбас байни Исроил ва Лубнон, ки шоми сешанбе аз ҷониби кабинети низомӣ-сиёсии Исроил тасдиқ шуд, аз соати 4:00 субҳи чоршанбе ба вақти маҳаллӣ (5:00 бо вақти Москва) эътибор пайдо кард.

    Дар Исроил сиренаҳои ҳушдордиҳанда, ки аз ҳамлаҳои мушакӣ ё ворид шудани бесарнишинҳо огоҳ мекунанд, дар чаҳор соати охир садо надоданд. Аз Лубнон низ дар бораи ҳамлаҳои нав аз ҷониби Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ) хабаре ворид нашудааст.

    Шоми сешанбе кабинети низомӣ-сиёсии Исроил қарордоди оташбас бо Лубнонро бо аксари раъйҳо тасдиқ кард. Пеш аз ин тасдиқ, сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу дар паёме ба миллат зарурати оташбасро дар фронти шимолӣ шарҳ дода, таъкид кард, ки дар сурати ҳар гуна вайрон кардани оташбас аз ҷониби гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, Исроил ҷавоб хоҳад дод ва амалиётҳои ҷангиро аз сар хоҳад гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates