«Таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъият дар атрофи низоъ бо Эрон ва музокироти дуҷониба оид ба созиш дар бораи Украина бо иштироки намояндагони ИМА равона шуд», гуфт ӯ ба журналистон.
Дар ҷараёни суҳбат Путин даъват кард, ки ихтилофоти байни Вашингтон ва Теҳрон бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд ва андешаҳои худро дар ин бора баён кард. Трамп дар навбати худ, рӯйдодҳоро дар заминаи амалиёти ҳамкорона бо Исроил арзёбӣ намуд.
Роҳбарон ҳамчунин ба раванди сулҳ дар Украина таваҷҷуҳ карданд. Президенти Русия талошҳои миёнравии ИМА-ро баланд арзёбӣ намуда, дар бораи вазъият дар хатти бархӯрд сухан гуфт. Роҳбари Амрико изҳори умед кард, ки низоъ ба зудӣ ҳал мешавад.
Ғайр аз ин, онҳо масъалаи Венесуэла, аз ҷумла вазъият дар бозори ҷаҳонии нафтро низ баррасӣ карданд, хабар медиҳад ria.ru.
Ин суҳбат бо ташаббуси роҳбари Амрико баргузор гардид. Он тақрибан як соат идома ёфт. Ду роҳбар омодагии худро барои мулоқоти мунтазам бо ҳам таъкид намуданд. Ушаков гуфт, ки суҳбати онҳо аҳамияти амалӣ пайдо хоҳад кард.