Хонуми аввал Зироат Мирзиёева дар нишасти байналмилалӣ иштирок кард

    Рафиқаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева ар саммити XI байналмилалии инноватсионӣ оид ба маориф дар Қатар ширкат варзид.

    Ин чорабинии бузург аз соли 2011 таҳти сарпарастии раиси Бунёди Қатар оид ба маориф, илм ва рушди иҷтимоӣ (Qatar Foundation) Шайха Моза бинт Носир Ал-Миснед баргузор мешавад. Ҳадафи асосии он офаридани барномаҳои инноватсионии таълимӣ тавассути пешбурди ташаббусҳо дар соҳаҳои сиёсат, тадқиқот ва роҳбарӣ мебошад.

    Чорабинии ҳозира ба мавзӯи «Эҷодиёти инсон дар асри интеллекти сунъӣ» бахшида шуд.

    Рӯзи 29 ноябр дар чорабиниҳои асосии ҳамоиш меҳмонони воломақом, аз ҷумла вазирон, коршиносони соҳаҳои маориф ва иҷтимоӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

    Иштирок дар ин ҳамоиш боз як тасдиқи ҳамкориҳое буд, ки солҳои охир миёни Ӯзбекистон ва Қатар босуръат рушд карда истодааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates