Аввалин ҳавопаймои ширкати боркаши My Freighter ба фурудгоҳи Тошканд фуруд омад

    Нақлиёт 24 Oktabr 2022 1374

    23 октябр дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳавопаймои ширкати дохилии боркаши My Freighter фуруд омад. Аввалин омадани самолётро чун анъана бо арки об пешвоз гирифтанд.

    Боинг-747 бо зарфияти 105 тонна, ки бо номи Jumbo Jet маъруф аст, аввалин ҳавопаймои боркаши ширкати My Freighter гардид.

    Ширкат, ки соли 2019 таъсис ёфтааст, то кунун парвозҳои боркашониро дар ҳавопаймоҳои аз UzAirways ба иҷора гирифташуда анҷом додааст. Дар ояндаи наздик ширкати My Freighter ният дорад, ки боз 5 адад намунаи самолёти боркаши 747 харида, дар давоми панҷ сол парки ҳавопаймоиро ба 20 самолёти боркаш зиёд гардонад.

    Дар соли 2022 шумораи парвозҳои боркаш ба 410 адад расид. My Freighter дар даҳ шаҳри бузурги Чин анборҳо дорад, дар Аврупо, Чехия, Люксембург, Олмон, Фаронса, Италия ва Нидерландия, инчунин дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Бразилия ва Ветнам нуқтаҳои васлкунӣ ҷойгиранд, хабар медиҳад Uzbekistan Airports.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates