Дар Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ ба кори худ шурӯъ кард

    Имрӯз, 24 июл таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд оғоз шуд.

    Дар ҷамъомад, ки дар формати рӯ ба рӯ баргузор мешавад, ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ, инчунин роҳбарони ниҳодҳои доимоамалкунандаи ин созмон ширкат доранд.

    Дар ҳошияи мулоқот, дар назар аст, ки ба омодагии ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, ки 28-29 июл дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хоса дода шавад.

    Дар Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ корҳо оид ба омода кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо барои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон, ки 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, идома дода хоҳад шуд, хабар медиҳад агентии “Дунё”.

    Ҷамъомади Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ то 27 июли соли 2022 идома хоҳад кард.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates