Дар бораи таҳсили занони афғон дар донишгоҳҳои тиббии Ӯзбекистон ёддошт ба имзо расид

    Таълим 10 Sentabr 2024 1382

    9 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Қатар Доҳа Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва фонди «Education Above All»-и Қатар меморандумеро имзо карданд, ки дар соҳаи тиб таълими занони афғонро пешбинӣ мекунад.

    Дар чаҳорчӯби ин созишнома дар назар аст, ки 160 нафар бонувони афғон дар риштаҳои тиббӣ дар муассисаҳои олии Ӯзбекистон таҳсил кунанд.

    Барномаҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи тибби Ӯзбекистон гузаронида шуда, барои баланд бардоштани маҳорати касбии занон хизмат намуда, инчунин ба таҳкими саҳми онҳо дар соҳаи тибби кишвари худ таъсири калон мерасонанд.

    Қисми зиёди хароҷоти лоиҳаро ҷониби Қатар ба ӯҳда дорад. Аз ҷумла, Фонд «Education Above All» барои таҳсил, манзил ва дигар харҷи зарурии занони афғон ба маблағи 2,2 миллион доллар кумаки молӣ хоҳад кард.

    Имзои ин тафоҳум ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи нав бароварда, равобитро дар заминаи таълими байналмилалӣ ва тиб боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.

    Ин иқдом бори дигар нақши муҳими Ӯзбекистонро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон нишон медиҳад. Илова бар ин, ҳукумати Ӯзбекистон ба рушди соҳаи маориф дар минтақа ва омода намудани мутахассисони боистеъдод таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо сиёсати дӯстонаи худ ба кишварҳои ҳамсоя кумак мерасонад.

    Созишнома на танҳо равобити Ӯзбекистону Қатарро мустаҳкам мекунад, балки ҳуқуқи занони Афғонистонро ҳимоя мекунад, имкони таҳсили онҳоро васеъ мекунад ва барои рушди мутахассисони соҳаи тиб замина фароҳам меорад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates