Барномаи ҳамкорӣ байни Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди аҳолии СММ ба имзо расид

    3 июл Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева бо роҳбари намояндагии Бунёди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ӯзбекистон Нигина Абасзода мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои мусбати рушди демографӣ дар кишвар, масъалаҳои боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва расидан ба марҳилаи нави рушд муфассал баррасӣ шуданд. Хусусан таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти фароҳамсозии шароити мусоиди меҳнат барои занон ва таъмини тавозун байни фаъолиятҳои меҳнатӣ ва уҳдадориҳои оилавӣ аҳамияти калон дорад.

    Ҳамзамон зикр гардид, ки дар масъалаи баробарии гендерӣ на танҳо нишондиҳандаҳои оморӣ, балки тағйироти амалӣ низ муҳим мебошанд. Дар ин замина, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои дастгирии потенсиали занону духтарон ва ба роҳ мондани барномаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳо дар соҳаҳои мухталиф тавсеа дода шавад.

    Нигина Абасзода дар навбати худ таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон имкониятҳои духтарон барои таҳсил рӯз ба рӯз васеъ шуда истодааст ва инро беҳтарин сармоягузорӣ ба оянда номид.

    Ҳамчунин оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти мубориза бо зӯроварии рақамӣ ва таҳияи механизмҳои ҳуқуқии дақиқ алайҳи зӯроварии онлайн пешниҳодҳо баррасӣ гардиданд.

    Дар анҷоми мулоқот Барномаи ҳамкории байни Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди аҳолии СММ барои солҳои 2025–2026 ба имзо расид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates