Гузаргоҳҳои марзӣ оид ба карантини растаниҳо ба воридоти маҳсулоти зеркарантинӣ ихтисос дода мешаванд

    Бо қарори Ҳукумат (№ 609 аз 29.09.2025 с.) талабот ба ихтисосонии гузаргоҳҳои марзӣ оид ба карантини растаниҳо барои воридоти маҳсулоти зеркарантинӣ тасдиқ гардид.

    Бар асоси ин талабот гузаргоҳҳои марзии карантини растаниҳо, ки ба воридоти маҳсулоти зери карантин ихтисос ёфтаанд, инчунин терминалҳои гумрукии дар ҳудудҳои ҳамшафати онҳо таъсисдодашаванда ташкил карда мешаванд.

    Барои фаъолияти нозири давлатии карантини растаниҳо дар терминалҳои гумрукӣ бояд иншооти хизматии зерин ташкил карда шавад:

    навбатдор (оперативӣ);

    ҳуҷраи махсус;

    ҳуҷраи хоҷагидорӣ (маишӣ);

    ҳуҷраи истироҳат.

    Ҳуҷраҳое, ки барои гузаронидани назорати фитосанитарии маҳсулоти зеркарантинь ва нигаҳдории он то расмиёти гумрукӣ истифода мешаванд, бояд ба талаботи амалкунандаи санитариву гигиенӣ ва экологӣ ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла:

    бояд бо низомҳои вентилятсия, кондитсионерӣ, гармидиҳӣ, инчунин бо системаи огоҳкунии изтирории анбор муҷаҳҳаз бошанд;

    бояд бо равшанӣ (табиӣ ё сунъӣ) таъмин карда шаванд.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates