Тибқи иттилои пешинаи шабака, сӯхтор дар яке аз биноҳои бисёрқабата дар Аланя рух дод, ки дар байни сокинон тарсу ваҳм ба вуҷуд овард. Шабакаи CNN Türk дақиқ кард, ки сухан дар бораи бинои нӯҳқабатаи сохташавандаи меҳмонхона меравад ва дар ҷойи ҳодиса коргарон ҳузур доранд, хабар медиҳад ria.ru.

"Оташ қариб зери назорат аст. Се тан аз чор коргар наҷот дода шуданд. Дастаҳои мо бо коргари охирин дар тамосанд," - овардааст шабака суханони шаҳрдори Аланя Усмон Тарик Узчеликро.