Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки пас аз маросими тантанавӣ баргузор шуд, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, савдо-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва дигар ҷабҳаҳо миёни Ӯзбекистон ва Бангладеш мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Муҳаммад Шаҳобуддин Ӯзбекистонро ҳамчун шарики муҳими минтақавӣ ва дӯсти боэътимоди Бангладеш дар Осиёи Марказӣ номид. Ӯ махсус таъкид кард, ки ба шарофати ислоҳоти босуръат дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва ташаббусҳои пайвастае, ки солҳои охир таҳти роҳбарии Президенти Шавкат Мирзиёев амалӣ мешаванд, нуфузи байналмилалӣ ва обрӯи кишвар меафзояд.
Таъкид гардид, ки ҳукумати Бангладеш ба рушду густариши ҳамкориҳои савдо-иқтисодӣ байни ду кишвар аҳамияти махсус медиҳад.
Зикр шуд, ки барои рушди шарикӣ дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, дорусозӣ ва чарм имкониятҳои бузург мавҷуданд. Бангладеш омодагии худро барои мубодилаи таҷриба ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои нав дар ин самтҳо изҳор намуд.
Ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-башардӯстӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сайёҳӣ ва таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ӯзбекистон ва Бангладеш 15 октябри соли 1992 таъсис ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки сафири нави Ӯзбекистон Сардор Рустамбаев моҳи январ соли 2024 ба Деҳлӣ омада буд. Пеш аз ин ӯ роҳбари намояндагии дипломатии кишвари мо дар Фаронса ва Португалия буд.