Раиси Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон Гаянэ Умерова бо Ордени санъат ва адабиёти Фаронса сарфароз гардид

    Фарҳанг 2 Aprel 2025 2291

    31 марти соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Фаронса маросими супоридани Ордени санъат ва адабиёт (Ordre des Arts et des Lettres) дар дараҷаи афсари ба раиси Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон Гаянэ Умерова баргузор гардид.

    Дар ҷараёни маросим вазири фарҳанги Фаронса Рашида Дати таъкид намуд, ки сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон дар соҳаи рушди фарҳанг пайгирона пеш бурда шуда, ба таҳкими шарикии стратегӣ бо Фаронса низ мусоидат мекунад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ба гуфтаи вазири фарҳанг, ин ҷоизаи баланд эътирофи талошҳо ва саҳми Ӯзбекистон дар таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи санъат мебошад. Супоридани ин орден ба намояндаи Ӯзбекистон дар ҳузури намояндагони расмии Ҳукумати Фаронса, Маъмурияти Президент, Вазорати корҳои хориҷӣ, корпуси дипломатӣ, шахсони маъруфи фарҳанг ва шарикони байналмилалӣ далели равшани самаранокии дипломатияи фарҳангии Ӯзбекистони Нав мебошад.

    Дар солҳои охир ҳамкории Ӯзбекистон ва Фаронса дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат ба туфайли як қатор ташаббусҳои муҳими стратегӣ – аз намоишгоҳи бузурги мероси Ӯзбекистон дар Лувр то иштироки фаъол дар форумҳои байналмилалии фарҳангӣ ба сатҳи нав расидааст.

    Дар ин раванд Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон нақши муҳим дорад, ки баҳри татбиқи ташаббусҳои роҳбари давлат лоиҳаҳои афзалиятнокро амалӣ месозад.

    Унвони афсари Ордени санъат ва адабиёт яке аз баландтарин дараҷаҳои эътирофи Фаронса ба саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг буда, ҳамасола на ба беш аз 60 шахсияти маъруфи ҷаҳон дода мешавад.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates