Бояд гуфт, ки ҶСО "ТМК" соли 2001 таъсис ёфта, истеҳсолкунандаи пешбари қубурҳои пӯлодӣ дар Русия, яке аз се пешвоёни ҷаҳонии тиҷорати қубур мебошад. Ҳаҷми умумии интиқоли қубур дар соли 2019 3,83 миллион тоннаро ташкил дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати ҷории ҳамкорӣ оид ба интиқоли қубурҳои корпусӣ ва насосию компрессориро дар доираи қарордодҳои ҷорӣ барои ҷоҳҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодабарандаи ҶС “Ўзбекнефтегаз”, инчунин имкониятҳои тезондани татбиқи қарордодҳои ҷориро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳо байни ду ширкат аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои таъмини иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо захираҳои энергетикӣ ноил шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин ширкат ҳамчунин дар мавриди таҳвили навъҳои мухталифи лӯла ба саноати нафту газ бо қимати арзон дар муқоиса бо бозори ҷаҳонӣ ба тавофуқ расида буд.
Бояд гуфт, ки пармакунии чоҳҳои нави нафту газ бо маҳсулоти қубурии аз хориҷа овардашуда алоқаманд аст. Дар ин самт аз ҷониби ҶС «Ўзбекнефтегаз» оид ба интиқоли маҳсулоти қубурии хориҷӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.