Раиси Сенат робитаҳои ҳамкориҳои байнипарлумониро бо Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ кард

    Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон Танзила Нарбоева дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Бишкек бо раиси Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев мулоқот анҷом дод.

    Дар ибтидои суҳбат ба сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳои наздики ҳамсоягӣ ва аз озмоиш гузаштаи бародаронаи шарикии стратегии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки иродаи қавии сиёсӣ, равобити ошкоро ва дӯстонаи сарони ду кишвар бар асоси эътимоди мутақобила заминаи муҳим мебошад.

    Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни парламентҳо баррасӣ шуданд.

    Ҳамин тариқ, оид ба фаъолгардонии кори Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, мусоидат ба татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, бо истифода аз институти назорати парлумонӣ мубодилаи афкор ба амал омад.

    Илова бар ин, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи вакилони маҳаллӣ дар фаъолияти Шӯрои сарони вилоятҳои наздисарҳадии Қирғизистону Ӯзбекистон ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.

    Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ боз ҳам густариш диҳанд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates