Раиси Сенат бо ҳайати вакилони иёлати Ютаи ИМА вохӯрд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева 24 апрел бо ҳайати вакилон бо сардории Раиси Сенати иёлати Юта Стюарт Адамс гуфтушунид кард.

    Самтҳои муҳими ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла, масъалаҳои рушди робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, баробарии гендерӣ ва таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

    Зимни мулоқот доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сармоягузорӣ, бозори молу хизматрасонӣ, саноати кӯҳӣ, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ табодули афкор сурат гирифт. Аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо бо доираҳои тиҷоратии Юта, роҳандозии ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои байни минтақаҳо таъкид гардид.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои фаъолгардонии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

    Стюарт Адамс таъкид кард, ки ислоҳотро, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон анҷом дода мешавад, пайгирӣ мекунад ва ба он баҳои баланд медиҳад. Вай ҳамчунин қайд кард, ки Сенати иёлати Юта омода аст, тамоми имкониятҳоро оид ба як қатор соҳаҳо ҷалб намояд ва роҳбарони ширкатҳои пешқадам аз ин, бахусус, дастгирии тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, роҳандозии лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи иҷтимоӣ манфиатдор мебошанд.

    Зимни мулоқот оид ба рушди минбаъдаи муколамаи байнипарлумонӣ, роҳандозии ҳамкориҳои мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва табодули таҷриба тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates