Дар Самарқанд Раиси Сенат бо директори минтақавии сохтори "СММ-занон" Белен Санс Луке мулоқот намуд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо директори минтақавии сохтори "СММ-занон" оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Белен Санс Луке, ки барои иштирок дар Форуми Осиё, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, дар кишвари мо қарор дорад, музокирот анҷом дод.

    Дар мулокот алоҳида қайд карда шуд, ки ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ ва сохторҳои махсуси он дар таърихи муносибатҳо ба дараҷаи баландтарин расиданд. Зимнан зикр гардид, ки ҳамкориҳо бо сохтори "СММ-занон", бахусус солҳои охир дар самти баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқи занон ва тавонмандсозии онҳо ба марҳалаи нав расидааст.

    Зимни муколама масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат ба нақши занон дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ва масъалаҳои оилавӣ ва сохтори "СММ-занон" тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

    Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои буҷети гендерӣ, омори гендерӣ ва аудити гендерӣ, табодули таҷриба ва татбиқи таҷрибаи пешқадам табодули афкор сурат гирифт.

    Бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳо тасмим гирифта шуд, ки санади дахлдор оид ба ҳамкорӣ таҳия карда шавад, ки дар он самтҳои мушаххас муайян карда мешаванд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates