Вай 50 сола аст. Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошкандро (ҳоло – Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд) ва Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи И.Муминови Академияи илмҳои Ӯзбекистонро хатм кардааст.
Аз соли 2005 дар низоми Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият намуда, дар дастгоҳи марказӣ ва Сафорати Ӯзбекистон дар Пекин вазифаҳои гуногунро ишғол кардааст. Ӯ ҳамчун директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ назди Сарвари давлатамон ва муовини директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ кор кардааст.
Аз соли 2023 ҳамчун мушовир-сафир дар Сафорати Ӯзбекистон дар Чин ва намояндаи доимӣ дар котиботи СҲШ кор мекунад.
Номзади илмҳои фалсафа, муаллифи зиёда аз 25 нашрияҳои илмӣ мебошад. Забонҳои русӣ, англисӣ ва чиниро медонад.