Намояндагони муассисаҳои давлатии ИМА ба Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ӯзбекистон омаданд

    20 июни соли ҷорӣ Майкл Кофилд, мушовири Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои ИМА (CLDP) ва Кевин Пикколи, муовини директори Комиссияи оид ба биржаҳои мол (CFTC) ба Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ўзбекистон ташриф оварданд.

    Ҳадафи аслии ин вохӯрӣ машваратҳо оид ба татбиқи механизмҳо ва инструментҳои замонавии биржавӣ буд.

    Барои меҳмонон видеоролики тақдимотӣ дар бораи фаъолияти Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ўзбекистон намоиш дода шуд. Аз ҷумла, онҳо бо таърихи ташаккул ва рушди биржаи Ӯзбекистон, дороиҳои моли дар биржа муомилотшаванда, тартиби савдои биржа ва ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила, инчунин бо ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои пешомадноки биржа шинос шуданд.

    Зимни гуфтушунидҳо заминаи ҳуқуқии бозорҳои биржа, таҷрибаи танзими давлатӣ ва биржавии ташкил ва гузаронидани савдои биржавӣ дар сегменти молии ИМА мавриди омӯзиш қарор гирифт.

    Илова бар ин, масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири IT ва тамоюлҳои нав дар биржаҳои фондӣ, усулҳои идоракунии хавфҳо, инчунин фаъолияти анборҳои биржа дар ИМА ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот оиди идома додани машварат оид ба ҷорӣ кардани инструментҳои замонавии биржавӣ, фаъол гардондани ҳамкории минбаъда, инчунин аз ҷониби намояндагони ИМА расондани кумаки ҳамаҷониба дар коркард ва татбиқи нақшаҳои нави сатратегии Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ўзбекистон мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад шуъбаи PR-и ҶС "УзРТСБ".

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates