Ба намояндаи Ӯзбекистон унвони «Асппарвари шоистаи Туркманистон» дода шуд

    Президент Сердар Бердимуҳамедов ба раиси хоҷагии асппарварии ахалтекини Ӯзбекистон «Uzbegim» Аваз Исмоилов унвони фахрии «Асппарвари шоистаи Туркманистон»-ро дод. Сарвари давлат фармони дахлдорро дар ҷаласаи 12-уми Ассотсиатсияи байналмилалии асппарварии ахалтекинӣ, ки 20 апрел дар Ашқобод баргузор шуд, ба имзо расонд.

    Тавре дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, унвони фахрии «Асппарвари шоистаи Туркманистон» барои «саҳми арзанда дар рушди асппарварӣ, хизматҳои шоён ва натиҷаҳои баланди бадастоварда, маҳорати касбӣ дар парвариши аспҳои ахалтекинӣ, нигоҳ доштани сифатҳои наслӣ ва маҳсулдории онҳо, инчунин ба муносибати Иди миллии аспи даванди туркман» дода шудааст, хабар медиҳад «Turkmenportal».

    Роҳбари хоҷагии асппарварии ахалтекинии «Uzbegim» ба сарвари давлат изҳори миннатдории амиқ намуда, қайд кард, ки сарфароз гардонидан бо унвони фахрии «Асппарвари шоистаи Туркманистон» барои ӯ як ҳодисаи фаромӯшнашаванда ва мояи ифтихори самимӣ мебошад.

    «Дар Ӯзбекистон аспҳои ахалтекинӣ, ки пайдоишашон қадимӣ аст, баҳои баланд доранд», -- иброз дошт Аваз Исмоилов ва изҳори итминон кард, ки таҳти роҳбарии Президент Сердар Бердимуҳамедов фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии асппарварии ахалтекинӣ барои рушд ба туфайли технологияи навоварона дар соҳаи парвариши ин аспҳои аҷоиб ангезаҳои нав пайдо мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates