«Одамони 65-сола ва аз он боло бори аввал дар таърихи
мушоҳидаҳо аз ҷиҳати шумора аз кӯдакони панҷсола ва хурдтар бештар шуданд», — қайд мекунад Axios.
Тибқи
маълумоти нашрия,
шумораи аҳолии ҷаҳон дар синни 65-сола ва аз он боло аз 852 миллион нафари соли 2025 то 2 миллиард нафар дар
соли 2060
афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, интизор меравад, ки шумораи умумии аҳолии ҷаҳон то
соли 2060 ба 10,23 миллиард нафар
расад.
Тағйироти
демографӣ дар пасманзари коҳиши устувори сатҳи таваллуд дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон
ва афзоиши давомнокии умр ба амал меоянд.
Қаблан
муҳаққиқони Институти соҳибкории Амрико изҳор дошта буданд, ки эҳтимол дар соли
2026 коэффитсиенти таваллуд дар ҷаҳон бори аввал аз сатҳе поин рафтааст, ки
барои таҷдиди одии насл зарур аст. Дар таҳқиқот маълумоти 236 кишвар ва ҳудуд аз соли 1950 инҷониб
таҳлил шудааст. Коҳиши дарозмуддати сатҳи таваллуд дар 219 кишвар ошкор гардида, то ҳол
нишонаҳои тағйири устувори ин тамоюл мушоҳида намешавад.
Ба
арзёбии муҳаққиқон, агар динамикаи кунунии демографӣ идома ёбад, аҳолии Замин
ба шарофати инерсияи демографӣ тақрибан 30
соли дигар афзоиш хоҳад ёфт. Пас аз он шумораи аҳолӣ тақрибан
дар соли 2056 ба авҷи худ — 9 миллиард
нафар мерасад ва сипас коҳиш меёбад.
Ҳамзамон,
тибқи пешбинии асосии Созмони Милали Муттаҳид, шумораи аҳолии ҷаҳон соли 2084 ба ҳадди ниҳоии тақрибан 10,3 миллиард нафар
мерасад.