Нақшаи рушди иқтисодиёти вилояти Андиҷон муаррифӣ гардид

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо муаррифии ҳадафҳои асосие, ки барои соли 2025 дар вилояти Андиҷон ба нақша гирифта шудаанд, шинос шуд.

    Дар чоряки аввали соли равон дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо иштироки бонкҳои тиҷоратӣ 77 ҳазор нафар шаҳрванд бо кор таъмин гардиданд.

    Дар маҷмуъ дар соли 2025 ҷамъ 166 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 700 миллион доллар татбиқ хоҳад шуд. Дар натиҷа 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд. Хариди 31 номгӯи маҳсулоти нав роҳандозӣ шуда, барои содирот ба маблағи 1,5 миллиард доллар имкон фароҳам мегардад. Барои бо энергияи устувор таъмин намудани корхонаҳо 65 мегаватт иқтидори нав сохта мешавад.

    Бо идомаи ин корҳо то охири сол бо кори даромаднок таъмин кардани ҷамъ 305 ҳазор нафар чун ҳадаф муқаррар гардидааст.

    Дар тақдимот ба масъалаҳои диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди саноат, роҳандозии технологияҳои нав, афзунсозии иқтидори истеҳсолӣ диққати махсус дода шуд. Дар соли 2025 ба 5,5 дарсад расонидани суръати рушди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

    Президент ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаҳоро сари вақт амалӣ намуда, мардумро бо шуғли даромаднок таъмин созанд ва бекоронро ба касбу кор равона намоянд.


    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates