Дар бораи барқарорсозии иншоот дар охири моҳи майи соли ҷорӣ миёни ҳокими Тошканд ва сафири Гурҷистон тавофуқ ҳосил шуда буд.
Намояндагони ҳайати вакилон ба пояи ҳайкали барқароршудаи арбоби давлатӣ ва шоири барҷастаи Гурҷистон Шота Руставелӣ гул гузоштанд. Дар маросим инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулла Арипов ва ҳокими шаҳри Тошканд Жаҳонгир Ортихўҷаев иштирок карданд.
Ин муҷассамаи санъати маҳобатноки "Шота Руставелӣ" ба асри XX тааллуқ дорад. Ҳамзамон, мероси моддии фарҳангӣ ба феҳристи миллии амволи ғайриманқул дохил карда шудааст.
Дар доираи азнавсозии куллии кӯчаи Шота Руставелӣ ободонӣ, бунёди низоми обёрикунӣ, сохтани пайроҳаҳои пиёдагард ва велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.