Дар кори форум Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Танӣ, раиси Ассамблеяи генералии СММ Анналена Бербок, раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тхапа, инчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд.
Дар оғози суханронии худ Сарвари давлат ба ташкилкунандагони форум барои сатҳи баланди омодагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки баргузор гардидани ин саммит, ки минбари муҳими рушди иҷтимоии ҷаҳонӣ мебошад, маҳз дар шаҳри Доҳа аҳамияти бузарги рамзӣ дорад.
Сарвари давлат зикр намуд, ки солҳои охир Қатар ба маркази ҷаҳонии фарогирии иҷтимоӣ ва пешрафти босуръат табдил ёфтааст ва мардуми ин кишварро бо комёбиҳои бадастомада самимона табрик гуфт.
Президент таъкид намуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматҳои миллӣ кӯшишҳои муштаракро барои таъмини некӯаҳволии иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба роҳ мондаанд. Ӯзбекистон бошад, дар навбати худ, пайваста ҳамаи шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ ва ташаббусҳоро, ки ба рушди устувор равона шудаанд, ҷонибдорӣ мекунад.
Дар солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав сохтмони густурдаи давлати иҷтимоӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар он тамоюли «Ба хотири шараф ва қадри инсон» роҳнамо мебошад, адолати иҷтимоӣ таҳким ёфта, табақаҳои ниёзманд ба таври самаранок ҳифз мешаванд.
– Дар солҳои охир мо тавонистем сатҳи камбизоатиро аз 35 фоиз то 6,6 фоиз коҳиш диҳем. Мо ислоҳотро дар ин самт идома хоҳем дод, – таъкид кард Президент.
Сарвари давлат бо як қатор пешниҳодҳо ва ташаббусҳо, ки ба таҳкими адолати иҷтимоии ҷаҳонӣ ва рушди устувор нигаронида шудаанд, баромад намуд.
Ӯ зарурати ба сатҳи нав баровардани ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо камбизоатиро таъкид кард.
– Мо бар онем, ки вақти он расидааст, то меъмории нави молиявии мубориза бо камбизоатӣ таъсис дода шавад, ки метавонад захираҳоро ба барномаҳои иҷтимоии кишварҳои рӯ ба рушд ҷалб намояд, – изҳор дошт Президент.
Дар ин замина пешниҳод гардид, ки Сандуқи ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ таъсис дода шавад, ки он ба коҳиши камбизоатӣ ва паст кардани нобаробарии иҷтимоӣ кумакҳои амалии худро мерасонад.
Сарвари давлат аҳаммияти ҷорӣ намудани механизмҳои муосирро барои ҳалли самараноки масъалаҳои шуғли аҳолӣ таъкид кард.
Зикр шуд, ки рушди босуръати технологияҳои баланд ва зеҳни сунъӣ боиси аз байн рафтани миллионҳо ҷойи кор дар саросари ҷаҳон мегардад. Дар чунин шароит ҳамкории фаъоли давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва таҳкими принсипҳои шарикии иҷтимоӣ аҳаммияти хоса пайдо мекунад.
Президент изҳори умед намуд, ки ташаббуси таҳияи «Иқдоми ҷаҳонӣ оид ба масъулияти иҷтимоӣ ва меҳнати шоиста» дастгирӣ меёбад.
Таъкид гардид, ки васеъ намудани имкониятҳои таҳсил барои ҳама яке аз роҳҳои самараноки ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад.
Ба қавли коршиносон, зарари иқтисодии ҷаҳонӣ аз саводнок набудани аҳолӣ ҳар сол ба 1,4 триллион доллари ИМА мерасад. Ба гуфтаи Президент, ин ҳолат дарёфти ҷойи худро дар ҷомеа ва бозори меҳнат барои ҷавонон мушкил гардонида, нобаробарии иҷтимоиро афзоиш медиҳад.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки Ӯзбекистон пурра аз қарорҳои дар Ҷаласаи аввалини Иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо гуруснагӣ ва камбизоатӣ қабулшуда, ки рӯзҳои охир баргузор гардид, ҷонибдорӣ мекунад.
Ӯ пешниҳод намуд, ки яке аз саммитҳои ояндаи ин Иттиҳод дар Ӯзбекистон баргузор шавад ва масъалаҳои маориф ҳамчун мавзӯи асосии рӯзномаи он муайян гарданд.
Ба масъалаи ҳифзи низомноки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ӯзбекистон омода аст, ки ҳамроҳ бо Созмони байналмилалии меҳнат ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Тошканд Форуми байналмилалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзои хонаводаҳои онҳоро баргузор намуда, дар ин самт Барномаи ҷаҳонӣ қабул намояд.
Президент қайд кард, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти иҷтимоӣ рӯз то рӯз бештар эҳсос мешавад. Ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, биёбоншавӣ ва аз байн рафтани гуногуннамудии биологӣ пеш аз ҳама ба зиндагии табақаҳои осебпазир — деҳқонон, коргарони мавсимӣ ва сокинони минтақаҳои экологии нохуб таъсири манфӣ мерасонанд.
Ӯ зарурати андешидани чораҳои маҷмӯиро барои ҳамоҳангсозии мубориза бо тағйирёбии иқлим бо барномаҳои шуғл таъкид намуд.
Сарвари кишвари мо иттилоъ дод, ки Ӯзбекистон ният дорад модели нави рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Наздиаралро, ки аз ҷониби СММ ҳамчун «минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо» эътироф шудааст, роҳандозӣ намояд ва омодагии худро барои мубодилаи ин таҷриба бо ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт.
Дар анҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки қарорҳои дар ин саммит қабулшуда ба миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон умед ва эътимод мебахшанд ва дар таъмини субот ва шукуфоӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
– Вазифаи асосии мо — барқарор кардани ризоияти ҷамъиятӣ дар роҳи рушди байналмилалӣ ва фароҳам овардани сатҳи шоистаи зиндагӣ барои ҳар як инсон аст, – изҳор дошт Сарвари давлат.
Дар анҷом Президенти Ӯзбекистон дастгирии пурраи худро аз Эъломияи сиёсӣ оид ба Доҳа, ки дар саммит қабул гардид, тасдиқ намуда, омодагиро барои татбиқи амалии ҳамаи принсипҳои он изҳор кард.









