DFC — муассисаи миллии рушди Иёлоти Муттаҳида буда, сармояи хусусиро барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва саноатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд ҷалб мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тамосҳо дар сатҳи олӣ фаъолона идома доранд ва ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ васеъ мегардад. Айни замон ташаббусҳои муштараки бузург дар соҳаҳои энергетика, маъданҳои муҳими стратегӣ, молия, нақлиёт, кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ба таҳкими ҳамкории амалӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Қадамҳои мушаххас оид ба тезонидани таъсиси платформаи сармоягузории муштарак ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкории хурд, инчунин кушодани дафтари минтақавии корпоратсия дар шаҳри Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сарвари давлатамон ҳамчунин зарурати иштироки корпоратсияро дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бар асоси шарикии давлатӣ ва хусусӣ таъкид намуд.









