Президент бо лоиҳаҳои сохтмон шинос шуд

    Ҳукумат 20 Sentabr 2021 4055

    Президент Шавкат Мирзиёев 20 сентябр бо тақдимоти лоиҳаҳо оид ба сохтмони объектҳои таълим, фарҳанг ва тандурустӣ шинос шуд.

    Бо қарори сарвари давлат аз 23 июни соли ҷорӣ ба Донишгоҳи “Ӯзбекистони Нав” асос гузошта шуда буд. Дар ҳуҷҷат сохтмони кампуси замонавии донишгоҳ пешбинӣ шудааст.

    Барои ин якҷоя бо меъморони таркиягӣ лоиҳаи дахлдор таҳия гардид.

    Дар чорабинӣ дар бораи ҷанбаҳои асосии лоиҳа, шароите, ки дар кампуси оянда фароҳам оварда мешавад, маълумот дода шуд.

    Дар тақдимот инчунин лоиҳаи бинои китобхонаи нав баррасӣ шуд. Маркази нави маърифат дар ҳудуди Боғи миллии ба номи Алишери Навоӣ сохта хоҳад шуд. Намуди зоҳирии он аз ёдгориҳои таърихии кишвари мо илҳом гирифтааст. Барои нигоҳ доштани фонди калони китоб, мутолиа ва истироҳати маданӣ ва чорабиниҳои гуногун тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

    14 майи соли равон сарвари давлатамон ба Маркази ҷумҳуриявии тиббии онкология ва радиология ташриф овард. Президент бо шароитҳои он шинос шуда, вазифа гузошт, ки барои марказ бинои нав сохта шавад. Барои марказ дар ҳудуди клиникаи Академияи тиббии Тошканд замин ҷудо карда шуд.

    Лоиҳаи маркази нави онкологӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тиббии хориҷӣ таҳия шуда, барои табибон ва беморон ҳамаи шароит фароҳам оварда хоҳад шуд.

    Дар ошёнаи якуми бинои даҳошёна поликлиникаи машваратӣ ва шӯъбаи қабул ҷойгир хоҳад шуд. Дар ошёнаҳои боло шӯъбаҳои табобатӣ, беморхонаи дорои 650 кат ва амбулаторияи дорои 100 кат ҷойгир хоҳанд шуд. Инчунин, барои фаъолияти кафедраҳои Академияи тибии Тошканд ва Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд, магистратура ва ординатура тамоми шароит фароҳам оварда мешаванд.

    Дар қисмати сеошёнаи зеризаминии бино шӯъбаҳои рентгенология ва терапияи радиатсионӣ, ташхис бо таҷҳизоти муосири томографияи компютерӣ, томографияи резонанси магнитӣ, рентгенҳои рақамӣ ва ғайра ҷойгир хоҳанд шуд.

    Сарвари давлат оид ба татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ, таъмини сохтмони баландсифат, тайёр кардани кадрҳои техникӣ оид ба хидматрасонӣ ба биноҳо дастур дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates