Президент бо кори неругоҳи замонавии барқии ҳароратии Бухоро шинос шуд

    Ҳукумат 17 Fevral 2023 6996

    Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бухоро бо фаъолияти неругоҳи барқии ҳароратӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Aksa Enerji Bukhara» ба истифода дода шудааст, шинос шуд.

    Баробари пешрафти иқтисодиёт ва афзудани шумораи корхонаҳо талабот ба захираҳои энергетикӣ меафзояд. Аз ин рӯ, оид ба зиёд кардани иқтидори истеҳсоли энергия дар ҳамаи минтақаҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.

    Аз ҷумла, «Aksa Enerji Bukhara» дар гузашта неругоҳи барқии гармиро ба истифода дода буд. Ин неругоҳ аз ҳисоби сармояҳои мустақим дар ҳаҷми 150 миллион доллар сохта шудааст. Таҷҳизот ва дастгоҳҳо аз Туркия оварда шудаанд. Дар ин ҷо 150 нафар кор мекунад.

    Иқтидори неругоҳ 270 МВт-ро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки соле то 2 миллиарду 200 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шавад, ки 60 фоизи истеъмоли вилоятро таъмин мекунад.

    Сарвари давлат аз маркази диспетчерии неругоҳ дидан карда, бо роҳбарон суҳбат кард.

    Бо дарназардошти он, ки истеъмоли солонаи неруи барқ дар Бухоро дар соли 2023 4,3 миллиард киловатт-соат ва норасоии эҳтимолӣ 150 миллион киловатт-соат пешбинӣ шудааст, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати рафъи камбудӣ чора андешанд.

    Сарвари давлат оид ба таъмини устувори аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо қувваи барқ, баланд бардоштани самарабахшии истифодаи барқ ва кам кардани талафот дар шабакаҳо, ба соҳа ҷалб намудани технологияҳои баланд супоришот дод.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates