Ин лоиҳаи муосир бо ҷалби 15 миллион доллар сармоя амалӣ гардидааст. Дар доираи фаъолияти корхона ҳамасола то 5 ҳазор тонна меваву сабзавот коркард мешавад. Ҳамчун ашёи хом маҳсулоти меваю сабзавоте истифода мешавад, ки аз вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва ҳамчунин аз кишвари ҳамсоя — Афғонистон ворид мегардад.
Корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Ҷопон, Олмон, Белгия ва Чин муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки сифати баланди маҳсулот ва рақобатпазирии онро дар бозори хориҷӣ таъмин менамояд. Имрӯз дар корхона 180 ҷои кори доимӣ таъсис ёфтааст ва музди миёнаи моҳонаи кормандон ба 7 миллион сӯм мерасад.
Маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо ва Аморати Муттаҳидаи Араб содир мешавад.
Сарвари давлат бо раванди истеҳсолот шинос шуда, бо кормандони корхона суҳбат орост.
– Ноҳияи Паркент дорои иқтидори бузург дар соҳаҳои боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ мебошад. Агар мо технологияи муосирро ҷорӣ кунем, ҳама имкониятҳоро барои содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозори ҷаҳонӣ дорем. Масалан, дар Ҷопон таваҷҷуҳ ба маҳсулоти Ӯзбекистон хеле зиёд аст. Муҳим он аст, ки боғҳоро бо сифати баланд нигоҳубин намуда, меваҳоро саривақт ва дар ҳолати хуб ба бозор расонем. Агар мо чунин корхонаҳоро инкишоф диҳем, танҳо ин соҳа метавонад чандин миллиард доллар даромад оварад, – зикр кард Президент.
Ҳамзамон, дар ин ҷо маҳсулоти кишоварзии содиротии вилояти Тошканд низ муаррифӣ гардид. Соли гузашта ҳаҷми содироти меваю сабзавоти вилоят 130 миллион долларро ташкил дод. Аммо бо назардошти шароити табиӣ ва иқтидори мавҷудаи вилоят, ин нишондиҳанда нокифоя арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади таҳрик бахшидан ба фаъолияти содиротӣ барои корхонаҳо 7 намуди дастгирии молиявӣ ва 3 намуди имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Тошканд 175 корхонаи коркарди маҳсулоти меваву сабзавот фаъолият доранд ва сатҳи коркард сол аз сол меафзояд. Дар соли ҷорӣ афзоиши назарраси содирот интизор меравад.