Президент дар Гулистон хонаҳои навро аз назар гузаронд

    Ҳукумат 7 Oktabr 2021 4840

    Роҳбари давлат ба маҳаллаи  Янги хаёти Гулистон ташриф овард. Дар солҳои 2019-2020 дар ин ҷо 14 бинои баландошёна сохта шудааст. Сохтмони боз 7 бинои 9-ошёнаи 504 ҳуҷрадор оғоз шуд, ки 100-тои он ба оилаҳои камбизоат бо шартҳои имтиёзнок дода мешавад. Маркази меҳнати ҷавонон, стадион ва майдончаҳои бозӣ низ сохта мешавад.

    Президент аҳамияти васеъ гардондани хидматрасонӣ дар мавзеи нав, ташкили корхонаҳо ва таъмини шуғли сокинонро таъкид кард.

    - Омилҳои асосии коҳиш додани камбизоатӣ таъмин будан бо манзил ва шуғл мебошад, - гуфт Шавкат Мирзиёев. - Барои ин мақсадҳо имкониятҳои калон фароҳам оварда шудаанд. Мо эълом кардем, ки аз соли равон сар карда ҳеҷ гуна камбудӣ ё маҳдудият дар захираҳои молӣ барои қарздиҳии ипотека вуҷуд нахоҳад дошт. Аз ин истифода бурда, бо иштироки соҳибкорон хонаҳои зиёд сохтан мумкин аст.

    Дар ин ҷо бо намояндагони насли калонсол суҳбати самимона барпо гардид.

    - Замоне вилояти Сирдарё танҳо ба кишоварзӣ ихтисос дошт. Дар солҳои охир саноати замонавӣ арзи вуҷуд менамояд. Ин гуна хонаҳо сохта мешаванд. Чаро? Одамон қобилияти харидорӣ доранд. Ҳоло мо бояд суръатро суст накунем. Чунки ҷавонони мо ба воя мерасанд, эҳтиёҷоти одамон меафзояд. Давлати мо бояд шароити муносиб фароҳам оварад, - гуфт Президент.

    Муйсафедон дар бораи дигаргуниҳои дар вилоят ба амаломада, дар бораи тарбияи ҷавонон фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates