Президент аз Технопарки инноватсионӣ боздид намуд

    Ҳукумат 19 Oktabr 2021 5951

    Президент Шавкат Мирзиёев аз Технопарки таълимиву истеҳсолии инноватсионӣ дар Шаҳраки донишҷӯён боздид намуд.

    Технопарк се намуди фаъолияти ҳамгароиро фаро гирифтааст, ки он аз таълим, илм ва истеҳсолот иборат аст. Дар ин ҷо донишҷӯён метавонанд бо техника ва технологияи замонавӣ шинос шаванд ва онҳоро озмоиш кунанд, дар ҷараёнҳои лоиҳакашӣ ва истеҳсолии маҳсулоти тайёр иштирок намоянд, ки ин барои мустаҳкамсозии дониши назариявии андӯхтаашон ва барои эҷоди ғояҳои нав мусоидат менамояд.

    Роҳбари давлат бо шароите, ки дар ин ҷо ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардид.

    Бинои сеошёна бо технологияи пешқадами соҳаи робототехника, энергетика, электротехника ва биотехнология муҷаҳҳаз мебошад. Дар ошёнаи якум лабораторияи пайвандкунӣ, коркарди электроэрозионӣ, коркарди чӯб ва пластмас, ҷойҳо барои стартапҳо ҷойгиранд. Як ошёна болотар аз он синфҳои таълимӣ ва фазои коворкинг, кабинетҳои робототехника, стандартизатсия, толорҳои варзиш, маъмурият, китобхона ва идораҳои корӣ ҷойгиранд.

    Президент аҳамияти дар технопарк ба вуҷуд овардани ширкати идоракунанда ва андешидани чорабиниҳои ташкилӣ барои фурӯши маҳсулотро таъкид кард.

    – Панҷ сол пеш кам касоне аз ин ҷавонон ба ин марказҳо ва лабораторияҳо дастрасӣ доштанд. Касе, ки дастрасӣ дошт, барои лоиҳаҳои худ маблағи кофӣ надошт. Чунки барои илм маблағ вуҷуд надошт. Акнун ҷавонон бояд ҳам истеҳсолот ва ҳам фурӯши маҳсулоти ниёзи бозорро омӯзанд ва ҳамзамон ин шароит ва таҷҳизотро истифода намоянд. Агар онҳо маблағ ба даст оранд, дар онҳо кӯшиш ба вуҷуд меояд, худро ба ин соҳа мебахшанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар заминаи васеъ ҷалб намудани донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии соҳаи техникӣ ва технопарк, дар ин ҷо баргузор намудани машғулоти амалӣ, такмили барномаҳои таълимӣ бо назардошти технологияи пешқадам супоришҳо дода шуд.

    Дар Технопарки инноватсионӣ барои таҷрибаомӯзӣ аз донишҷӯён маблағ ситонда намешавад, барои резидентҳо имтиёзоти андоз ҷорӣ гаштааст. Гармхона барои озмоишҳои биологӣ ташкил карда шудааст.

    Роҳбари давлат бо лоиҳаҳое шинос гардид, ки дар лабораторияи биотехнологӣ ба амал татбиқ мегардад. Аҳамияти пеш бурдани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ки аз ҷониби резидентҳо истеҳсол мегардад, мададрасонӣ ба онҳо ва лоиҳаҳояшон таъкид гардид.

    Президент бо донишҷӯён ва олимони ҷавон суҳбат кард. Дар ҳамин ҷо суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ба вуқӯъ пайваст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates