Ҳайати Ӯзбекистон барои меҳмоннавозии самимие, ки ба ҳайати кишвари мо зоҳир гардид, изҳори миннатдорӣ намуда, паёми самимӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро расонд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии қавии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои мутақобила ба сатҳи муносибатҳои фарогир баромадаанд ва татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, барои суботи минтақа низ муҳим мебошанд.
Ба татбиқи тавофуқҳои дар самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, нақлиётӣ ва логистикӣ, робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангиву инсонпарварӣ бадастомада диққати махсус зоҳир гардид.
Дар доираи сафар ҳайати Ӯзбекистон аз Хонаи инноватсия ва технологияҳои Эрон боздид ба амал оварда, бо маҳсулот ва дастовардҳои пешрафтаи соҳаҳои энергетика, тиб ва фармасевтика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сохтмон шинос шуд.
Бо ҳамин, сафари ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Эрон ба поён расид.