Президент ба Истанбул омад

    Ҳукумат 11 Noyabr 2021 5415

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон ба шаҳри Истанбул омад.  

    Меҳмони олиро шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Ўзбекистон сиёсати амиқ андешидашуда, ҳамаҷониба баркашидашудаи хориҷӣ, ки ба манфиати халқамон нгигаронда шудааст, пеш мебарад. Ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик ва сохторҳои байналмилалӣ густариш меёбад.

    Дар миёни онҳо Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон (ШҲКТ) низ ҳаст. Сохтор соли 2009 ташкил шуда, Ӯзбекистон соли 2019 ба он пайваст. Ҳадафи аслии ин шӯро таҳкими равобити кишварҳои туркзабон, рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳамоҳангсозии талошҳо барои таҳкими сулҳу амният мебошад.

    Ин созмон, ки бар умумияти забонҳо ва арзишҳои маънавӣ, робитаҳои наздики таърихию фарҳангии кишварҳои узв асос ёфтааст, ба механизми муассири ҳамкориҳои минтақавӣ табдил меёбад. Ба он дохил шудани Ӯзбекистон нуфузи Шӯроро зиёд ва иқтидори онро васеъ намуд. Ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардонд. Дар муддати кутоҳ сарвари давлатамон зиёда аз 20 таклиф пешниҳод кард.

    Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони ШҲКТ ва Форуми сармоягузорӣ баргузор гардид. Соли 2020 шаҳри Хива пойтахти фарҳангии ҷаҳони туркӣ эълон шуд. Анҷумани соҳибкорони ҷавон таъсис ёфта, нахустин ҷаласаи худро дар Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2021 баргузор кард. Маҷлиси Шӯрои вазирон оид ба корҳои ҷавонон ва варзиш низ барпо гардид.

    Рақамигардонии тартибот дар соҳаҳои нақлиёт ва гумрук – соҳаҳое, ки таҳти эътибори доимии Президенти Ӯзбекистон қарор доранд, фаъол идома доранд. Дар мамлакатамон лоиҳаҳои дахлдори пилотӣ, ки якҷоя бо Туркия ва Қазоқистон татбиқ мегарданд, ба кор дароварда шуданд. Дар Тошканд, Андиҷон ва Тирмиз марказҳои логистикӣ ба механизми “Бандарҳои бародарӣ”-и Шӯрои туркӣ ҳамроҳ шуданд.

    Пешниҳодҳои марбут ба бартараф кардани пандемияи коронавирус, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон ба миён гузошта шудаанд, аҳамияти муҳим доранд. Гурӯҳи махсуси ҳамоҳангсози кишварҳои узви Шӯрои мубориза бо коронавирус таъсис ёфт. Системаи доимии ямониторинги муштарак, таҳлил ва пешгӯии вазъи эпидемиологӣ таъсис дода шудааст.

    Шавкат Мирзиёев ба рушди сайёҳӣ байни шарикон дар ШҲКТ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ташаббусҳои ӯ дар ин самт ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Ҳамин тариқ, моҳи июни соли ҷорӣ дар Қӯқанд ҷаласаи вазирони сайёҳии кишварҳои узви ШҲКТ баргузор гардид ва Қӯқанд пойтахти сайёҳии ҷаҳони турк дар соли 2022 эълон шуд. Татбиқи лоиҳаи "Табаррук зиёрат" оид ба ташкили зиёрат ба ҷойҳои муқаддас, ки дар ҳудуди мамлакатҳои Шӯрои туркӣ воқеъ гардидаанд, оғоз ёфт.

    Бахшида ба мероси Маҳмуд Қашғарӣ, Юсуф Хос Ҳожиб, Алишер Навоӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ конфронсҳои байналмилалии илмӣ гузаронда шуданд.

    Боз як ташаббуси неки Президенти Ӯзбекистон таъсиси ҷоизаи байналмилалии ба номи Алишер Навоӣ -- шоири дӯстдоштаи тамоми халқҳои туркзабон буд. Ҷоиза ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушди илму маориф, фарҳанг ва санъат дар кишварҳои туркзабон саҳми бузург гузоштаанд.

    Интизор меравад, ки дар нишасти кунунӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо ташаббусҳои муҳим баромад мекунад.

    Чорабиниҳои асосии ин ҳамоиш 12 ноябр баргузор мешаванд. Аз ҷониби сарвари давлатамон ҳамчунин баргузор намудани як қатор мулоқотҳои дуҷониба дар назар аст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates