Президент бо фаъолияти корхонаи муштараки саноати кимиё шинос шуд

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 октябр ба вилояти Навоӣ омад.

    Ин минтақа бо саноати тараққикардааш дар иқтисодиёти мамлакати мо мавқеи муҳим дорад. Ба шарофати имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар солҳои охир шумораи корхонаҳои нав афзоиш ёфт.

    Сарвари давлатамон бо фаъолияти корхонаи муштараки «Uzbekistan hydrogen peroxide» дар шаҳри Навоӣ шинос шуд.

    Дар корхонаҳо пероксиди водородӣ васеъ истифода мешавад. Умуман, талаботи солона ба ин пайвасти химиявии соҳаҳои саноати мамлакати мо ба ҳисоби миёна зиёда аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин маҳсулоти серхаридор дар корхонаи муштараки «Uzbekistan hydrogen peroxide», ки соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, истеҳсол мешавад.

    Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа, ки ҳудуди 30 миллион доллар арзиш дорад, завод сохта, аз Чин, Ҳиндустон, Туркия, Олмон, Итолиё ва Шветсия таҷҳизоти замонавӣ насб шудааст. Қариб 80 кас бо кор таъмин карда шудааст. Корхона қодир аст дар як сол 30 ҳазор тонна пероксиди водород истеҳсол кунад.

    Ин пайваст дар саноати кимиё, металлургия, электротехника, дорусозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва ғайра истифода мешавад. Аз ҷумла, он дар истеҳсоли коғаз, воситаҳои маишӣ ва кимиёвӣ, истихроҷи уран ва кобалт фаъолона истифода мешавад. Ҳамчун тозакунандаи бастабандӣ, сафедкунандаи нахҳои сунъӣ ва синтетикӣ истифода мешавад.

    Аз ҳама муҳимаш, самараи баланди иқтисодӣ аст. Дар ин ҷо гази табиӣ чуқур коркард шуда, ба маҳсулоти бозор табдил дода мешавад. Масалан, маҳлули 60-фоизаи пероксиди водород дар тиб се баробар ва дар кимиёи маишӣ ду баробар зиёд арзиши иловагӣ ба вуҷуд меоварад.

    Дар лабораторияи корхона низ таҷҳизоти замонавӣ насб карда шудааст. Дар он ҳар соат таҳлил гузаронда мешавад, ки ин барои назорати доимии сифати маҳсулот аҳамияти калон дорад.

    Сарвари давлат бо раванди технологии корхона шинос шуда, бо мутахассисон суҳбат намуд.

    – Мақсади ҳар як лоиҳа даромади баланд ва фароҳам овардани арзиши иловагӣ мебошад. Дар ин ҷанба ин корхона аҳамияти махсус дорад. Акнун барои таъмини устувории истеҳсолот ва баланд бардоштани боварии харидорон бояд таъминоти боэътимоди ашёи хом кафолат дода шавад. Дар чаҳорчӯби барномаи маҳаллигардонӣ қарздиҳии имтиёзнокро пешбинӣ намудан мумкин, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар мисоли корхонаи мазкур шумораи чунин лоиҳаҳоро зиёд сохта, соҳибкоронро дастгирӣ намоянд.

    Пероксиди водород то кунун аз хориҷи кишвар бо харҷи зиёд ба Ӯзбекистон ворид карда мешуд. Акнун маҳсулоти ватанӣ талаботи дохилиро пурра пӯшонда, ҳатто воридотро иваз хоҳад кард. Дар баробари дар минтақа ин гуна корхона вуҷуд надорад.

    Нисфи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва боқимонда ба давлатҳои ИДМ ва Аврупо интиқол дода мешавад. Дар муддати кӯтоҳ қариб ба 1,5 миллион доллари Амрико содир карда шуд. Иқтидори содиротии солонаи корхона 10 миллион долларро ташкил медиҳад.

    Дар ин ҷо барои нигоҳдорӣ ва интиқоли ин маҳсулоти моеи кимиёвӣ истеҳсоли зарфҳои пластикии қолабӣ низ ба роҳ монда шудааст. Барои бо энергияи муқобил таъмин намудани корхона панелҳои офтобии иқтидорашон 27 киловатт гузошта шуданд.

    Ҷолиби диққат аст, ки пештар дар саноати кимиёи мамлакати мо сектори хусусӣ набуд. Корхонаи мазкур аз ҷумлаи субъектҳои соҳибкорист, ки солҳои охир вориди майдон шудааст.

    Дар ин ҷо инчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки ба вусъати минбаъдаи фаъолияти корхона нигаронида шудаанд, маълумот дода шуд.

    Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо ширкати туркии “Orbak Metal Industry” ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори истеҳсоли пероксиди водород то ба 45 ҳазор тонна расонда, инчунин дар ҳудуди он лоиҳаи саноати хӯрокворӣ ташкил карда шавад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates