Президент бо маҳсулоти кластер шинос шуд

    Ҳукумат 12 Oktabr 2021 4798

    Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Мергантекс"-и ноҳияи Олоти вилояти Бухоро ташриф овард.

    Дар соли 2017 сарвари давлатамон бо лоиҳаи таъсиси кластери пахтаву нассоҷӣ дар заминаи ин корхона шинос шуда буд. Пас аз он дар фаъолияти он гардиши куллӣ ба амал омад. Дар солҳои 2018-2020 ба ин ҷо беш аз 22 миллион доллар сармоягузорӣ шуда, таҷҳизоти муосир аз Олмон, Ҷопон, ИМА, Белгия ва Швейтсария насб карда шуданд.

    Имрӯз корхона ба кластери калон табдил ёфтааст, ки тамоми давраи истеҳсолиро аз коркарди ибтидоии ашёи хоми пахта то дӯхтани либоси тайёр фаро мегирад. Дар ин ҷо 880 нафар кор мекунанд. Кластер қодир аст дар як сол 30 ҳазор тонна пахтаро коркард кунад. Соли гузашта дар ин ҷо 240 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол гардида, ба маблағи беш аз 6 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.

    - Ин натиҷаҳои аввалини кори бузурганд. Аммо ин ҳадди ниҳоӣ нест. Ҳоло бояд зинаҳои навбатии азнавкоркардро азхуд карда, технологияҳои инноватсиониро ҷорӣ намуд ва истеҳсоли маҳсулотро бо арзиши иловагӣ афзун гардонд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Соли оянда кластер ба истеҳсоли либоси тайёр аз нахҳои табиӣ ва кимиёвӣ шурӯъ мекунад. Интизор меравад, ки лоиҳаи арзишаш 25 миллион доллар содиротро ба 30 миллион доллар афзоиш диҳад ва 1000 ҷои кории иловагӣ фароҳам орад.

    Ба сарвари давлат дар бораи усулҳои инноватсионии парвариши пахта маълумот доданд. Кластер дар 1,2 ҳазор гектар обёрии қатрагӣ ҷорӣ кардааст. Дар натича сарфи об кам, ҳосилхезии замин баланд шудааст. Баъзе хоҷагиҳо аз ҳар гектар то 70 сентнерӣ пахта ҷамъ оварданд. Як ниҳоли пахта то 190 дона курак бастааст.

    Шавкат Мирзиёев идома додани чунин кори самарабахш, таъмини робитаи зичи байни илм ва амалия, аз ҷумла истеҳсоли ситемаи ватании обёрии қатрагиро дар асоси таҷрибаи хориҷӣ муҳим арзёбӣ кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates